Китоби “Се Син” - рӯнамоӣ аз таърихи парчами Эрон
-
Китоби “Се Син” - рӯнамоӣ аз таърихи парчами Эрон
“Порс-Тудей”. Китоби “Се Син” бо мавзӯи таърихи парчами Эрон ва ҳувияти миллӣ дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, китоби “Се Син”, навиштаи Ҳамиди Гаравгон, ки ба сайри таърихии парчами Эрон ва намодҳои ҳувиятии он мепардозад, бо ривояте таърихӣ, раванди шаклгирӣ ва таҳаввули парчами Эронро дар бистари таҳаввулоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ кардаву нақши истодагии мардуми Эрон дар ҳифзи намодҳои миллиро бозтоб медиҳад.
Китоби “Се Син” бо ҳадафи тақвияти ҳувияти миллӣ дар миёни насли кӯдаку навҷавон тадвин шуда ва талош дорад пайванди миёни таърих, фарҳанг ва намодҳои миллии Эронро ба забонии қобили фаҳм барои мухотабони ҷавон ироа кунад.
Боздид аз намоишгоҳи “ Эрони ман” ва музеи миллии кӯдак
Дар ҳошияи ин маросим, осори баргузидаи кӯдакону навҷавонон дар даҳумин дусолонаи миллии ҳунарҳои таҷассумии конун бо мавзӯи “Эрони ман” ба намоиши боздидкунандагон даромад. Ҳамчунин музеи миллии ҳунару адабиёти кӯдаки конуни парвариши фикрии кӯдакону навҷавонон ба намоиши алоқамандон қарор гирифт.
Баргузории ин рӯйдоди фарҳангӣ дар ростои сиёсатҳои тавсеаи фаъолиятҳои ҳувиятӣ ва ҳунарӣ барои кӯдакону навҷавонон арзёбӣ мешавад ва нишондиҳандаи тавваҷуҳи ниҳодҳои фарҳангии Эрон ба тақвияти сармояи фарҳангӣ ва интиқоли мафоҳими миллӣ ба насли оянда аст.