Нишасти дуҷонибаи ҳайати гумрукии Эрону Русия бо ҳадафи осонсозии тиҷорат
-
Нишасти дуҷонибаи ҳайати гумрукии Эрону Русия бо ҳадафи осонсозии тиҷорат
“Порс-Тудей”. Ҳайатҳои гумрукии Эрону Русия бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои омӯзишӣ ва осонсозии сайри ташрифоту назоратҳои гумрукӣ дар Теҳрон ташкили ҷаласа доданд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, нишасти дуҷонибаи ҳайатҳои гумрукии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия бо ҳадафи тасҳили тиҷорат бо ҳузури Ҳасани Алидустӣ, сарпарасти муовинати барномарезӣ ва умури байналмилали гумруки Эрон, ҷамъе аз мудирони ситодӣ ва намояндагони дафтари тахассусӣ дар Теҳрон баргузор шуд.
Дар ин нишаст дар ростои мувофиқатномаи ҳамкории мутақобили идорӣ дар умури гумрукии фимобайни гумруки Эрону Русия ва таомулоти мавҷуд дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои омӯзишӣ ва осонсозии сайри ташрифоту назоратҳои гумрукӣ ва пайрави иҷлоси адвории руасои кулли гумрукоти ду кишвар ва нишастҳои коршиносӣ ва ройзаниҳое дар сатҳи дафотири ҳамкориҳои байналмилал баҳсу табодули назар шуд.
Дар идомаи ин нишаст, гуфтугӯи тахассусӣ дар иртибот бо наҳваи иртиқои ҳамкориҳои гумрукии ду кишвар ва тадвини нақшаи роҳи амалиётии пешбурди умур анҷом гирифт.