Карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс; фарохони байналмилалӣ бо меҳварияти Фаластин
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124274-Карикатури_Рӯзи_ҷаҳонии_Қудс_фарохони_байналмилалӣ_бо_меҳварияти_Фаластин
Порс Тудей - Карикатури рӯзи ҷаҳонии Қудс бо меҳварияти ҳимоят аз мардуми Фаластину бозтоби таҳаввулоти ахир, ба ҳиммати ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳунарии Эрон мунташир шуд.
(last modified 2026-02-22T09:33:19+00:00 )
Феврал 22, 2026 11:11 Asia/Dushanbe
  • Фарохони чаҳорумин давраи ҷашнвораи байналмилалии карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс
    Фарохони чаҳорумин давраи ҷашнвораи байналмилалии карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Порс Тудей - Карикатури рӯзи ҷаҳонии Қудс бо меҳварияти ҳимоят аз мардуми Фаластину бозтоби таҳаввулоти ахир, ба ҳиммати ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳунарии Эрон мунташир шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба ҳиммати иттиҳодияи байналмилалии созмонҳои ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқи мардуми Фаластину Эрон Картун баргузор мешавад. Дабирхонаи ин рӯйдод эълом кард, ин мусобиқа дар ду бахши “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” ва бахши вижаи “шикасти режими саҳюнистӣ дар ҷанги 12 рӯза” баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси муқаррароти эълом шуда, ҳар ҳунарманд метавонад дар ҳар бахш ҳаддиаксар се асар ва дар маҷмӯъ шаш карикатур ирсол кунад. Осор бояд дар андозаи A4, бо формати JPG ва резулушни 300 dpi ироа шаванду номгузории файлҳо ба забони англисӣ ва шомили ному номи хонаводагии тарроҳ, шумораи асару шумораи телефони ҳамроҳ бо пешшумораи кишвар бошад. Текники иҷрои озод эълом шудааст.

Бино бар эъломи дабирхона, ирсолкунандаи асар ба унвони соҳиби асар шинохта мешавад ва дар сӯрати исботи хилофи он, асар аз рақобат ҳазф хоҳад шуд. Ҳамчунин осоре, ки пештар дар ҷашнвораи дигаре баргузида шуда бошанд ё бо истифода аз ҳуши маснӯи тавлид шуда бошанд, пазируфта нахоҳанд шуд. Тамомии осори ду бахш ба сӯрати ҳамзамон доварӣ мешаванду ирсоли асар ба манзалаи пазириши комили муқаррарот аст.

Ҷавоиз ва муҳлати ирсоли осор

Бар асоси эъломи баргузоркунандагон, ба се нафари бартар “дипломи ифтихор” ва “саноеъи дастии эронӣ” эҳдо мешавад. Илова бар ин, ҳамаи ширкаткунандагон гувоҳии ҳузур дарёфт мекунанду осоре, ки ба намоишгоҳ роҳ ёбанд, нусхаи электронии китоби ҷашнвораро дарёфт хоҳанд кард.

Охирин муҳлати ирсоли осор ба дабирхона, рӯзи чаҳоршанбе 14 исфанди 1404 баробар бо 5 марти 2026 эълом шудааст. Карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба унвони яке аз рӯйдодҳои ҳунарии байналмилалӣ, бистаре барои бозтоби дидгоҳи ҳунармандон дар бораи масаълаи Фаластин ва таҳаввулоти минтақа фароҳам мекунад.