Рушди 5 баробарии нерӯгоҳҳои офтобии Эрон то соли 1405
Порс Тудей - Зарфияти нерӯгоҳҳои офтобии Эрон бо рушди беш аз панҷ баробарӣ, масири тавсеаи энержии поку пойдор дар кишварро ҳамвор кардааст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Маҳдии Ҳусайнӣ, мудири кулли дафтари барнома, буҷа ва танзими муқаррароти Созмони энержиҳои таҷдидпазир ва баҳраварии барқи Эрон (Сэтб) бо ишора ба афзоиши бесобиқаи зарфияти нерӯгоҳҳои таҷдидпазир гуфт: “зарфияти нерӯгоҳҳои хуршедӣ беш аз панҷ баробар шуда ва акнӯн ҳудӯди 4162 мегаватт нерӯгоҳи таҷдидпазир дар Эрон фаъол аст. “Вай афзуд, ин рушд натиҷаи тазриқи манобеи молии Сандӯқи тавсеаи миллӣ ва иҷрои модели сармоягузории муштарак бо бахши хусӯсӣ аст, ки ҷойгузини эътои тасҳилот шудааст.
Ҳусайнӣ гуфт: “Тибқи барномарезии анҷом шуда, зарфияти нерӯгоҳҳои таҷдидпазир то поёни тобистон ба 11 ҳазор мегаватт хоҳад расид ва ҳадафи барномаи ҳафтуми пешрафт, дастёбӣ ба 12 ҳазор мегаватт то поёни соли ояндааст”. Вай таъкид кард, ки тавсеаи энержии офтобӣ дар канори баҳраварии болотару такмили занҷираи тавлиди барқ бо нерӯгоҳҳои ҳароратӣ, нақши муҳимме дар пойдории шабакаи барқи Эрон дорад.
Сиёсатҳои ташвиқӣ ва бозори барқи сабз
Мудири кулли “Сэтб” дар бораи таҳрики тақозо дар бозори барқи сабз гуфт: “саноеъ муваззаф хоҳанд шуд 20 дарсади барқи худро аз манобеи таҷдидпазир таъмин кунанд ва сохтумонҳои давлатӣ низ мулзам ба истифода аз 40 дарсади барқи сабз ё хариди он аз бурси сабз ҳастанд”. Вай афзуд, вуруди масрафкунандагони хонагӣ ба бозори барқи сабз низ аз дигар иқдомоти пешрав барои тақвияти бозори энержии пок аст.
Ҳусайнӣ бо баёни инки нерӯгоҳҳои офтобӣ камрисктарин гузинаи сармоягузорӣ дар бахши энержии таҷдидпазир ҳастанд, тавзеҳ дод: «бархилофи нерӯгоҳҳои газӣ, ки бо адами қатъияти қиммату таъмини сӯхт мувоҷеҳанд, нерӯгоҳи офтобӣ суботу риски кантролшудае дорад. »
Вай ҳамчунин аз такмили манобеи буҷаи хариди тазминии барқи таҷдидпазиру иқдомоти ҳимоятӣ шомили вуруди нерӯгоҳҳои хонагии болои 5 киловатт ба бурси сабз, тавсеаи нерӯгоҳҳои санъатӣ ва фуруши авроқи гувоҳии зарфият хабар дод. Ҳусайнӣ афзуд: “роҳандозии бозори карбону фуруши авоиди он дар бозорҳои байналмилалӣ метавонад нархи боздиҳи дохилии нерӯгоҳҳои таҷдидпазирро 5 то 10 дарсад афзоиш диҳаду ҷаззобияти сармоягузориро бештар кунад”.