Марзҳои Эрон конӯни дӯстӣ ва амнияти пойдор бо ҳамсоягон
-
Сардор сартип Қосими Ризоӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли интизомии Эрон
Порс Тудей - Ҷонишини фармондеҳи кулли интизомии Эрон, марзҳои кишварро нуқтаи пайванду дӯстӣ бо кишварҳои ҳамсоя муаррифӣ кард ва аз омодагии комил барои таъмини амнияти зоирону марзбонон хабар дод.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, сардор сартип Қосими Ризоӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли интизомии Эрон шанбешаб бо ҳузур дар марзи Меҳрони устони Илом (ғарби Эрон) ва боздид аз посгоҳи марзии “Фаррухобод”, гуфт: “устувории амнияти пойдори Ҷумҳурии Исломии Эрон реша дар аз худ гузаштагӣ ва бедории марзбонон дораду имрӯз марзҳои Эрон, конӯни пайванду дӯстӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст.” Вай бо ишора ба рафту омади рӯзонаи ҳудӯди 10 ҳазор зоир аз марзи Меҳрон, афзуд, ки марзбонон бо омодагии комилу рӯҳияи инқилобии амнияти ин нуқоти роҳбурдиро тазмин мекунанд.
Сардори Ризоӣ бо таъкид бар ҳамкориҳои ҳирфаӣ бо марзбонони ҳамсоя, гуфт: “ Ҳамоҳангӣ ва баргузории нишастҳои муштарак мӯҷиби устувории амнияти пойдор дар навори марзӣ шудааст.” Вай ҳамчунин якдилӣ миёни марзбонону марзнишинонро омили аслии оромиш дар ин манотиқ унвон кард ва ёдовар шуд, ки марзи Меҳрон, яке аз пуркортарин масирҳои рафту омади зоирон дар тӯли сол аст.