Вазири дифои Эрон: Равобит бо кишварҳои мустақил ва инқилобии Африқо густариш меёбад
-
Азиз Насирзода, вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Силистин Симпоре, вазири давлат, ҷанг ва дифоъ аз меҳани Буркина Фасо
“Порс-Тудей”. Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори вазири давлат, ҷанг ва дифоъ аз меҳани Буркина Фасо, бар иттихози сиёсати усулии тавсеаи равобит бо кишварҳои мустақилу инқилобӣ дар минтақаи Ғарби Африқо, ба вижа Буркина Фасо таъкид кард.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, сартип халабон Азиз Насирзода, вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори генерал Силистин Симпоре, вазири давлат, ҷанг ва дифоъ аз меҳани Буркина Фасо дар Теҳрон, аз мавозеи давлати Буркина Фасо дар маҳкумияти иқдоми мазбуҳонаи режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ва ирсоли паёми ҳамдардиву таслият хитоб ба вазири дифоъ қадрдонӣ кард.
Вай бо ишора ба аҳамияту ҷойгоҳи қораи Африқо ва ба вижа кишварҳои мустақили ин қора дар сиёсати хориҷӣ ва дифои Ҷумҳурии исломии Эрон, бар иттихози сиёсати усулии тавсеаи равобит бо кишварҳои мустақилу инқилобӣ дар минтақаи Ғарби Африқо, ба вижа Буркина Фасо таъкид кард.
Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин инқилобҳои минтақаи соҳил, шомили Буркина Фасо, Нигерия ва Малиро ба масобаи як ҳаракати мардумӣ алайҳи сиёсатҳои истеъморӣ тавсиф карду афзоиши ҳамгароӣ ва иқдоми таҳсинбарангези ин се кишвар дар ташкили Иттиҳоди соҳил дар баробари фишорҳои кишварҳои ғарбиро мавриди ишора қарор дод.
Амир Насирзода дар идома бо ишора ба идомаи тавтеаи кишварҳои ғарбӣ бо ҳадафи хадшадор кардани ҳокимияту истиқлоли Буркина Фасо, бар ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз кишварҳои мустақил таъкид кард.
Муқовимати мардуми Эрон дар ҷанги 12 рӯзаро арҷ мениҳем
Генерал Силистин Симпоре, вазири давлат, ҷанг ва дифоъ аз меҳани Буркина Фасо низ дар дидор бо вазири дифои Ҷумҳурии исломии Эрон, зимни ибрози ҳамдардӣ бо миллати Эрон ва эҳтиром ба шуҳадои ҷанги 12 рӯза, муқовимати мардуми Эронро мавриди ситоиш қарор дод ва афзуд: Муқовимати мардуми Эронро арҷ мениҳем, ки аз ҳувияту истиқлоли худ дифоъ кард ва онро дар баробари ҳамаи султагариҳои империализм нигаҳ дошт.
Вай гуфт: Муътақидем, дунё метавонад дар як сулҳи комил бошад, агар равобити султагарӣ байни кишварҳо шикаста шаваду фазои бештаре ба адолат ва сулҳ дода шавад.