Зарфияти нерӯгоҳии Эрон дар остонаи 100 ҳазор мегаватт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124310-Зарфияти_нерӯгоҳии_Эрон_дар_остонаи_100_ҳазор_мегаватт
Порс Тудей - Вазири неруи Эрон аз сабти рекорди 8000 мегаватт афзоиши зарфияти исмии тавлиди барқи кишвар дар як соли ахир хабар дод.
(last modified 2026-02-25T08:07:10+00:00 )
Феврал 25, 2026 13:06 Asia/Dushanbe
  • Зарфияти нерӯгоҳии Эрон дар остонаи 100 ҳазор мегаватт

Порс Тудей - Вазири неруи Эрон аз сабти рекорди 8000 мегаватт афзоиши зарфияти исмии тавлиди барқи кишвар дар як соли ахир хабар дод.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо,  Аббоси Алиободӣ, вазири неруи Эрон рӯзи сешанбе дар ҳошияи ойини баҳрабардорӣ ва оғози амалиёти иҷрои тарҳҳои санъати барқи устони Исфаҳон (маркази Эрон) эълом кард: Зарфияти нерӯгоҳии Эрон ба зуддӣ аз марзи 100 ҳазор мегаватт убӯр мекунад.

Вай бо таъкид бар тадовуми тавсеаи зерсохтҳои энержӣ афзуд: «Бо ифтитоҳҳои пеши рӯ, шабакаи барқи Эрон чунон тақвият мешавад, ки ба бузургтарин шабакаи минтақа табдил хоҳад шуд.»

Вазири неруи Эрон бо ишора ба мудирияти масраф дар фусӯли сард гуфт: «пойиз(тирамоҳ) ва зимистон бидуни хомӯшӣ барномарезӣ шуда сипарӣ шуд.»

Алиободӣ аз изофа шудани ҳудӯди 7 ҳазор мегаватт зарфияти ҷадиди нерӯгоҳӣ дар тобистон хабар дод ва изҳор кард, дар сӯрати тадовуми ҳамкории муштаракон, имкони афзоиши содироти барқ ба кишварҳои минтақа низ фароҳам хоҳад шуд.