Сардор Таллоинек: Муҳосиботи душман дар қиболи Эрон маъкус шудааст
-
Сардор Таллоинек, сухангӯи Вазорати дифои Эрон
“Порс-Тудей”. Сухангӯи Вазорати дифои Эрон гуфт, муҳосиботи душман дар қиболи Эрон ба таври қобили таваҷҷӯҳу маъкус шудааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз “Меҳр”, сардор Таллоинек, сухангӯи Вазорати дифои Эрон дар як гуфтугӯи телевизионӣ ба баррасии таҳаввулоти ҷанги ахир миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва эътилофи Амрико ва режими саҳюнистӣ пардохт ва изҳор дошт, ки муҳосиботи душман дар қиболи Эрон ба таври қобили таваҷҷуҳе маъкус шудааст.
Вай дар ин бора гуфт, душман дар ибтидо интизор надошт, ки қудрат, суръати амал ва вусъати муқобилаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва размандагони ин кишвар дар майдони ҷанг ба ин шакл бошад. Дар воқеъ, яке аз далоили маъкус шудани муҳосиботи душман, ҳамин вижагиҳо ва тавонмандиҳои Эрон дар раванди муқобила аст.
Сардор Таллоинек ҳамчунин ба тағйирот дар аҳдофу стратегияҳои душман ишора карду афзуд: Ин тағйироти мудовим дар аҳдоф, ки мақомоти амрикоӣ ва саҳюнистӣ ба он даст мезананд, нишондиҳандаи тазалзулу буҳрон дар мақосиди онҳо аст.
Вай идома дод, дар ҷабҳаи душман буҳрони ангеза дар неруҳо ва вогароӣ дар миёни миллатҳо нисбат ба Амрико ва режими саҳюнистӣ мушоҳида мешавад. Наҳзати зидди саҳюнистӣ, ки дар даврони ҷанги Ғазза ва амалиётҳои Тӯфони Алақсо дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ шуд, акнун ба як наҳзати зиддиамрикоӣ табдил шудааст.
Сухангӯи Вазорати дифои Эрон афзуд, ки ин ҷараёни зиддиамрикоӣ дар ҳоли густариш аст ва акнун дар бисёре аз кишварҳои дунё мухолифини таҷовузи Амрико ба Эрон афзоиш ёфтаанд.