Оятуллоҳ Сайид Муҷтабои Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124362-Оятуллоҳ_Сайид_Муҷтабои_Хоманаӣ_раҳбари_Ҷумҳурии_Исломии_Эрон_шуданд
Порс Тудей- Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо аксарияти қотеъи оро, оятуллоҳ ҳоҷ Сайид Муҷтабои Хоманаиро ба унвони севумин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон муъаррифи кард.
(last modified 2026-03-09T04:22:12+00:00 )
Март 09, 2026 09:02 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Сайид Муҷтабои Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
    Оятуллоҳ Сайид Муҷтабои Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд

Порс Тудей- Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо аксарияти қотеъи оро, оятуллоҳ ҳоҷ Сайид Муҷтабои Хоманаиро ба унвони севумин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон муъаррифи кард.

Ба гузориши Порс Тудей бо интихоби аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ оятуллоҳ Сайид Муҷтабои Хоманаӣ ба унвони раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин шуданд.

Матни комили баёнияи Маҷлиси хубрагони раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Миллати шариф ва озодаи Эрони исломӣ салому дуруди Худованд бар шумо бод, Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ зимни арзи таслияти шаҳодати қоиди азимушаънн ҳазрати оятуллоҳи узмо имом Хоманаӣ (резвонуллоҳ таъолоҳ алайҳ) соири шуҳадои гаронқадр ба вижа фармондеҳони воломақом ва ҷон бар кафи неруҳои мусаллаҳ ва донишомузони мадрасаи Шаҷараи Тайибаи шаҳристони Миноб ва маҳкум намудани таҷовузи ваҳшиёнаи Амрикои ҷинояткор ва режими хабис ва кудакуши саҳюнистӣ ба истиҳзор мерасонад ин Маҷлис билофосила пас аз интишори хабари шаҳодат ва уруҷи малакутии раҳбари фарзона ва ҳакими инқилоби исломӣ алорағми шароити ҳоди ҷангӣ ва таҳдидоти мустақими душманон зидди ин ниҳоди мардуми ва бомбаборони дафотири дабирхонаи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ки ба шаҳодати чанд тан аз коркунон ва тими ҳаросати ин маҷмуъа мунҷар шуд лаҳзаи дар фароянди интихоб ва муъаррифии раҳбари  низоми исломӣ даранг нанамуда ва ҳасби вазоифи мундариҷ дар қонуни асосӣ ва ойиномаи дохилии Маҷлиси хубрагон тадобир ва тамҳидоти лозим ҷиҳати баргузории иҷлоси фавқулода ва муъаррифии раҳбари ҷадидро дар дастури кори худ қарор дод ва лизо барномарезиҳои муносиб ва ҳамоҳангиҳои лозим ҷиҳати иҷтимоъи намояндагони муҳтарами ин Маҷлис, ки дар ақсонуқоти кишвар ҳузур доранд анҷом гирифт то алорағми пешбиниҳои ҳушмандона дар асли 111 қонуни асосӣ барои ташкили шурои мувақат кишвар дучори халаъи раҳбари нагардад.

Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо арҷниҳодани ба ҷойгоҳи волои вилояти фақиҳ дар асри ғайбати ҳазрати валиаср(аҷалаллоҳ таъоло фараҷаҳу шариф) ва аҳамияти масъалаи раҳбарӣ дар низоми ҷумҳурии исломӣ 47 сол ҳукумронии ҳакимона ва мубтани бар асли иззат, истиқлол ва иқтидори имомани инқилобро пос медорад ва зимни гиромидошти ёди он раҳбарони Илоҳӣ ва мардуми эълом медорад ин Маҷлис пас аз баррасиҳои дақиқ ва густарда ва истифода аз зарфияти асли 108 қонуни асоси мутобиқи вазоиши шаръи ва эътиқод ба ҳузур дар маҳзари Худованди Мутаъол дар иҷлосияи фавқулода имруз якшанбе оятуллоҳ Сайид Муҷтабои Ҳусейнии Хоманаӣ(ҳафазаллоҳ)-ро бар асоси райи қотеъи

 Намояндагони муҳтарами Маҷлиси хубрагони раҳбари ба унвони севумин раҳбари низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин ва муъаррифи менамояд. Дар поён бо қадрдони аз аъзои шурои мувақати асли 111 қонуни асоси, ҳамаи миллати шарифи Эрон ба вижа нухбагон ва фарҳехтагони ҳавза ва донишгоҳро ба байъат бо раҳбари ва ҳифзи инсиҷом ҳувли меҳвари вилоят даъват мекунад ва истимрори луфт ва инояти ҳазрати бори таъоло бар ин кишвар ва мардуми бузургро аз маҳзари рубубияташ масъалат менамояд.

Васалому алайкум вараҳматуллоҳи ва боракатуҳ Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ 17/12/1404