Пизишкиён: Коҳиши таниш дар минтақа мусталзими адами ҳамкории кишварҳо бо мутаҷовизон аст
-
Пизишкиён - раисҷумҳури Эрон ва Эрдуғон - раисҷумҳури Туркия
“Порс-Тудей”. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон коҳиши таниш дар минтақаро мусталзими адами ҳамкории кишварҳо бо мутаҷовизон донист.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия шомгоҳи душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ дар хусуси таҳаввулоти минтақа пас аз таҷовузи низомии Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон ва осору паёмадҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии он табодули назар карданд.
Пизишкиён дар ин гуфтугӯ бо ишора ба талоши режими саҳюнистӣ ва давлати Амрико барои ихтилофафканӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳамсоягонаш ва иттиҳомзаниҳои расонаҳои вобаста ба онҳо мабнӣ бар анҷоми ҳамалоти мушакӣ аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон ба кишвари дӯсту бародари Туркия, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора омодагии худро барои коҳиши таниш дар минтақа эълом кардааст, машрут бар онки ҳарими ҳавоӣ, хоку обҳои ҳамсоягони мо барои ҳамла ба мардуми Эрон мавриди истифода қарор нагирад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба идомаи талошҳои давлати Туркия барои коҳиши танишҳо дар минтақа таъкид кард: Мо дар ҳар фурсате эълом кардаем, ки мудохила дар умури Эрон ғайри қобили пазириш аст ва афзоиши таниш миёни кишварҳои минтақа низ ба нафъи манофеи кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин манофеи баландмуддати Эрон нест.
Раиси ҷумҳурии Туркия хотирнишон кард: Мо ҳаргиз ба муқобила бо Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ фикр намекунем ва шароити сахти ҳоким бар Эронро дарк мекунем ва омодаем то ҳадди имкон ва тавони давлати Туркия барои коҳиши танишҳо дар минтақа мушорикат дошта бошем.