Сардор Шикорчӣ: Амрико аз мардуми минтақа ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124378-Сардор_Шикорчӣ_Амрико_аз_мардуми_минтақа_ба_унвони_сипари_инсонӣ_истифода_мекунад
“Порс-Тудей”. Сухангӯи аршади Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Бархе аз фармондеҳону сарбозони амрикоӣ пас аз фирор аз ботлоқи марг дар баробари ҳуҷуми муқтадиронаи Неруҳои мусаллаҳи Эрон аз мардуми кишварҳои минтақа ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунанд.
(last modified 2026-03-10T16:03:41+00:00 )
Март 10, 2026 20:59 Asia/Dushanbe
  • сардор Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи аршади Неруҳои мусаллаҳи Эрон
    сардор Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи аршади Неруҳои мусаллаҳи Эрон

“Порс-Тудей”. Сухангӯи аршади Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Бархе аз фармондеҳону сарбозони амрикоӣ пас аз фирор аз ботлоқи марг дар баробари ҳуҷуми муқтадиронаи Неруҳои мусаллаҳи Эрон аз мардуми кишварҳои минтақа ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, сардор Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи аршади Неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи сешанбе бо баёни инки Трамп, раиси ҷумҳурии мутаваҳҳими Амрико бо ҳадафи ҳифзи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ таҷовузи ваҳшиёнаеро алайҳи Эрони азизамон оғоз кард, гуфт: Трамп замоне ки артиши худро дар муқобили Неруҳои мусаллаҳи муқтадири Ҷумҳурии исломии Эрон гирифтор дид, барои ҷуброни шикасти худ ҳамон мардумеро, ки бо шиори дифоъ аз онон ҷангро шуруъ карда будро зери бомбаборон қарор додаву занону мардону кӯдакони бегуноҳро ҳадаф қарор медиҳад.

Ба гуфтаи сардор Шикорчӣ, Эрони муқтадиру миллати қаҳрамонаш, ғурури Трампу қудрати пӯшолии артиши Амрикоро шикаст дод ва ҷаҳониён фаҳмиданд, ҳузури Амрикои ҷинояткор дар минтақа фақат маншаи ноамнӣ аст.

Вай дар поён таъкид кард, артиши пӯшолии Амрико ҳатто қодир ба таъмини амнияти худ намебошад, лизо бархе аз фармондеҳону сарбозони амрикоӣ пас аз фирор аз ботлоқи марг дар баробари ҳуҷуми муқтадиронаи неруҳои мусаллаҳи Эрон аз мардуми кишварҳои минтақа ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунанд.