Қолибоф: Амрико пиёданизомашро барои Исроил дар чархи гӯшт андохт
-
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон
“Порс-Тудей”. Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар паёме дар фазои маҷозӣ навишт: Амрико пиёданизомашро ба хотири Исроил даруни чархи гӯшт андохтааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар паёме ба интиқод аз сиёсатҳои Амрико пардохт ва изҳор дошт: Вазъияти феҳристи аҳдоф, шомили радарҳо, ботриҳо, танкерҳои сӯхтгирӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва паҳподҳо аст. Хуб, назари генерали телевизионӣ Ҳегст чист?
Қолибоф бо ишора ба стратегияҳои низомии Амрико идома дод: Табиӣ аст, ки стратегияҳои дурахшони феълӣ ин аст, ки пиёданизомро дар чархи гӯшт бияндозанд. Онҳо сарбозҳои бечораро мефиристанд то чизеро ки генералҳо онро хароб карданд, дуруст кунанд. Барои Исроил бимиред!