Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон ба шаҳодат расид
-
Алии Лориҷонӣ, дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон
“Порс-Тудей”. Дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар иттилоияе аз шаҳодати Алии Лориҷонӣ, дабири ин шӯро дар пайи ҳамлаи душмани амрикоӣ - саҳюнӣ хабар дод.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар иттилоияи дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон омадааст: Эшон (Алии Лориҷонӣ) то охирин лаҳазоти умр бо саодаташ дар пайи эътилои калимаи Аллоҳ ва пайгирии сарбаландӣ ва тавсеаи Эрони азиз буд ва ҳамвора мардуму масъулонро ба инсиҷому ваҳдат дар муқобили душмани хунхор даъват ва тавсия мекард. Ва ниҳоятан ҳам дар саҳаргоҳи моҳи мубораки Рамазон ба ҳамроҳи фарзанди муъминаш Муртазо ва низ муовини амнияти дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Алиризо Баёт ва ҷамъе аз муҳофизони ғаюр, ба дараҷаи рафеи шаҳодат ноил омаданд.
Ин иттилоия меафзояд: Пирӯзии қатъӣ дар интизори муҷоҳидони масири ҳақ аст ва ин шаҳодатҳо, миллату умматро дар истимрори роҳи он мардони Худо мусаммамтар хоҳад кард.