Мухбир: Барои Тангаи Ҳурмуз назми ҷадиди таъриф мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124476-Мухбир_Барои_Тангаи_Ҳурмуз_назми_ҷадиди_таъриф_мекунем
Порс Тудей- мушовир ва дастёри Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид кард: Бо истифода аз мавқеъияти руҳбурдии Тангаи Ҳурмуз метавонем душманро таҳрим кунем ва иҷоза надиҳем киштиҳояшон аз ин оброҳ убур кунад.
(last modified 2026-03-19T09:41:23+00:00 )
Март 19, 2026 14:38 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммади Мухбир мушовир ва дастёри Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
    Муҳаммади Мухбир мушовир ва дастёри Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Порс Тудей- мушовир ва дастёри Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид кард: Бо истифода аз мавқеъияти руҳбурдии Тангаи Ҳурмуз метавонем душманро таҳрим кунем ва иҷоза надиҳем киштиҳояшон аз ин оброҳ убур кунад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммади Мухбир мушовир ва дастёри Раҳбари муъазами инқилоби исломӣ гуфт: Бо поёни пирузмандонаи ҷанги таҳмилии Рамазон, душманон ва низоми султа дигар фиркри таҷовузи муҷадад ба Эронро аз сари худ берун хоҳад кард ва кишвар барои солҳои тулони бима мешавад ва масун хоҳад шуд, зеро кишваре, ки бо абарқудратҳо даргир шуд ва онҳо ба ҷеҳ кадом аз аҳдофашон нарасанд дигар ба роҳати мавриди ҳадафи ҳамла ва фишор қарор нахоҳад гирифт.

Мухбир яке аз муҳимтарин фурсатҳои ношӣ аз ин шароитро имкони бозтаърифи ҷойгоҳи Эрон дар Тангаи Ҳурмуз донист ва таъкид кард: То имруз ғарб ва низоми султа моро таҳрим ва маҳдуд мекард, аммо пас аз поёни ҷанги таҳмилии ахир бо таърифи режими ҷадид барои Тангаи Ҳурмуз Эрон аз мавзеъи таҳримшаванда ба ҷойгоҳи қудратманди дар минтақа ва ҷаҳон иртиқо пайдо хоҳад кард ва бо истифода аз мавқеъияти роҳбурдии Тангаи Ҳурмуз метавонем онҳоро таҳрим кунем ва иҷоза надиҳем киштиҳояшон аз ин оброҳ убур кунад аз ин ру яке аз натоиҷи ин ҷанг бояд таърифи режими ҷадид барои Тангаи Ҳурмуз бошад.