Машҳад ба таври расмӣ пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i12449-Машҳад_ба_таври_расмӣ_пойтахти_фарҳангии_ҷаҳони_Ислом_шуд
Маросими муаррифии расмии шаҳри Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом, субҳи имрӯз дар Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) оғоз шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Январ 24, 2017 13:11 Asia/Dushanbe
  • Машҳад ба таври расмӣ пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом шуд

Маросими муаррифии расмии шаҳри Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом, субҳи имрӯз дар Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин маросим, ки бо ҳузури 250 шахсияти фарҳангӣ ва сиёсӣ аз 51 кишвари ҷаҳони Ислом, муовини дабири кулли Созмони байналмилалии илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ (ISSCO), муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, вазирон, намояндагони маҷлис ва баъзе мақомоти Эрон баргузор шуд, калоншаҳри мазҳабии Машҳад ба таври расмӣ унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар Осиё дар соли 2017-ро касб кард.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар ин маросим, имрӯзро рӯзи муҳиме барои Машҳад, Эрон ва ҷаҳони Ислом донист ва гуфт: "Бо интихоби Машҳад ба унвони пойтахти фарҳанги исломӣ, гуфтумони разавӣ, ки ҳамон гуфтумони сулҳу оштӣ ва фазилат аст, дар саросари ҷаҳони Ислом дамида мешавад".

Солеҳии Амирӣ бо ишора ба сираи ҳазрати Ризо (а) дар ҷазби мутафаккирони ҷаҳони Ислом афзуд, интихоби Машҳад ба унвони пойтахти фарҳанги исломӣ ба ин маъност, ки ҳамаи мардум аз ҳар фирқа ва рангу нажод метавонанд дар сояи фарҳанги разавӣ зиндагии мусолиматомезе дошта бошанд.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон бо баёни ин ки ҷаҳони имрӯз беш аз ҳамеша аз тафриқа ва хушунат ранҷ мебарад, афзуд: “Имрӯз мо бо душманони муштарак мувоҷеҳ ҳастем, аз як сӯ гурӯҳҳое, ки бо қироати шахшуда ва таассубомез аз Ислом, чеҳраи поку нуронии ин ойини илоҳиро хадшадор карда ва ба ифротгароӣ доман мезананд ва дар сӯйи дигар, душмани таърихии саҳюнизм қарор дорад, ки дар ихтилоф ва нифоқафканӣ дар ҷаҳони Ислом нақши вижае ифо кардааст”.

Солеҳии Амирӣ таъкид кард, уммати Ислом барои бурунрафт аз инчунин шароите имрӯз беш аз ҳар замони дигаре ниёзманди ваҳдат ва ҳамгироӣ аст.

Мақомоти ҳозир дар ин маросим муҳр (рамз)-и вижаи Машҳад, пойтахти фарҳангии ҷаҳони Исломро имзо ва аз осори фарҳангии гаронбаҳое ҳамчун Қуръони нафис ба хатти марҳум Найрезӣ, тоблуи нақшу нигоршуда (муаррақ)-и “Зомини оҳу”-и устод Фаршчиён (нигоргари машҳури эронӣ), тоблуи хушнависии Шамс-уш-Шумус, суруди вижаи пойтахти фарҳанги исломӣ ва китоби кишварҳои ҷаҳони Ислом рӯнамоӣ карданд.

Дар ин ойин ҳамчунин нишони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом ба расми амонат дар ихтиёри устондори Хуросони Разавӣ қарор гирифт.

 Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии (ISSCO) вобаста ба Созмони конфронси исломӣ аз соли 2011 то кунун ҳар сол се кишвари исломиро ба унвони пойтахти фарҳанги исломӣ муаррифӣ мекунад.