Сарлашкар Ризоӣ хитоб ба Амрико: Дар халиҷи Форс ғарқ мешавед
-
Сарлашкар Муҳсини Ризоӣ, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон
“Порс-Тудей”. Фармондеҳи кулли Сипоҳ дар дифои муқаддаси 8 сола бар идомаи ҷанг то гирифтани хисороти комил аз душмани амрикоӣ - саҳюнӣ таъкид кард.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, сарлашкар Муҳсини Ризоӣ, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон бо ишора ба таҳдиди Трамп мабнӣ бар ҳадаф қарор додани зерсохти барқи Эрон, хитоб ба раисиҷумҳури Амрико гуфт: Ба ӯ мегӯям, агар задӣ, чашм дар баробари чашм нест, сар дар баробари чашм аст ва дар халиҷи Форс ғарқ мешавед.
Вай бар идомаи ин ҷанг то гирифтани ҳамаи хисоратҳо, бардоштани ҳамаи таҳримҳои иқтисодӣ, гирифтани як тазмини ҳуқуқии байналмилалӣ барои дахолат накардани Амрико дар масоили Эрон таъкид кард.
Узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон бо ишора ба ин ки ба зудӣ шикофи ҷиддӣ миёни Амрикову Исроил ба вуҷуд меояд, гуфт: Натанёҳу Трампро ба дунболи худ мекашаду нақшаи низомии ин ду аз ибтидои ҷанг бо ҳам тафовут дошт.
Ба гуфтаи сарлашкар Ризоӣ, Амрико ба дунболи ҷанги маҳдуд буд, аммо назари Натанёҳу иҷро шуду ҷанги дунболадоре ба вуҷуд овард, вагарна Трамп бояд рӯзи дувоздаҳуми ҷанг оташбас медод.
Вай афзуд, дар кабинаи Трамп эътиқод доштанд, марҳала ба марҳала бояд ба Эрон зарба заду ҷангро пеш бурд. Вале Натанёҳу ба ҷанги тамомайёр эътиқод дошт.
Ба гуфтаи сарлашкар Ризоӣ, Ҷанги Рамазон дар ҳақиқат марҳалаи дувуми дифои муқаддаси 12 рӯза буду саҳюнизми байналмилалӣ муътақид буд то Трамп ҳаст бояд ба як ҷанги низомии чандмарҳалаӣ алайҳи Эрон бираванд.