Ироқчӣ: Ноамни дар Халиҷи Форс ҳосили таҷовузи душман аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124540-Ироқчӣ_Ноамни_дар_Халиҷи_Форс_ҳосили_таҷовузи_душман_аст
Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон ва Чин дар як тамоси телефонӣ дар хусуси охирин таҳавулоти марбут ба ҷанги Рамазон гуфтугу карданд.
(last modified 2026-03-25T08:06:43+00:00 )
Март 25, 2026 13:04 Asia/Dushanbe
  • Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вонг Йи вазири умури хориҷаи Чин
    Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вонг Йи вазири умури хориҷаи Чин

Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон ва Чин дар як тамоси телефонӣ дар хусуси охирин таҳавулоти марбут ба ҷанги Рамазон гуфтугу карданд.

Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вонг Йи вазири умури хориҷаи Чин дар як тамоси телефонӣ роҷеъ ба таҳавулоти минтақа ва паёмадҳои таҷовузи низомии Амрико ва режими ҷинояткори саҳюнистӣ зидди Эрон гуфтугу ва табодули назар карданд.

Ироқчӣ дар ин гуфтугу бо ташриҳи таҷовузот ва ҷиноятҳои иртикоби Амрико ва режими терористии саҳюнистӣ зидди Эрон ба унвони омили аслии вазъияти кунуни дар минтақа бар азми қотеъи Эрон барои идомаи дифоъ аз ҳокимияти миллӣ ва тамомияти сарзаминии худ то расидан ба ҳамаи аҳдоф ва пушаймон кардани душман аз иртикоби ин таҷовузи ваҳшиёна таъкид кард.

Вай вазъияти Тангаи Ҳурмузро аз шароити куллии ҳоким бар минтақа тафкикнопазир донисту афзуд: Ноамнии таҳмили бар Халиҷи Форс ва Тангаи Ҳурмуз аз таҷовузи низомии Амрико ва режими кудакуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ зидди Эрон аст ва тадобир ва тамҳидоти иттихозшуда аз суи Эрон мунтабиқ бо ҳуқуқи байналмилал ва дар ростои дифоъ аз ҳокимият ва амнияти миллии Эрон ва ба манзури пешгири аз суистифодаи мутаҷовизон аз ин оброҳа барои иртикоби иқдомоти таҷовузкорона зидди Эрон мебошад.

Вазири умури хориҷаи Чин ҳам дар ин гуфтугу бори дигар бар мавзеъи усулии кишвараш дар маҳкумияти ҳамлаи ғайриқонунии режими ҷинояткори Амрико ва режими манҳус ва терористии саҳюнистӣ зидди Эрон ва нақз ҳокимияти миллӣ ва тамомияти сарзаминии Эрон таъкид кард ва бо ишора ба равобити хуби ду кишвар таъкид кард: Пекан бар зарурияти тавақуфи рафторҳои қулдурмобона дар арсаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба дипломосӣ ва ҳуқуқи байналмила барои ҳалуфасли ихтилофот таъкид мекунад.