Сардор Шикорчӣ: Эрон барои поёни ҷанг шарт мегузорад
Март 28, 2026 13:32 Asia/Dushanbe
-
Сардор Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи аршади Неруҳои мусаллаҳи Эрон
“Порс-Тудей”. Сухангӯи аршади Неруҳои мусаллаҳи Эрон хитоб ба душманон гуфт, аз мушовирони ҳолливудии худ фосила бигиред ва ба ҳақиқат тан диҳед.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, сардор сартипи посдор Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи аршади Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳушдор дод: Эрон қудратманду пирӯзи майдон аст ва кишваре ки пирӯз аст, барои поёни ҷанг шарт мегузораду душманони Эрони исломӣ маҷбур ба пазириши он хоҳанд буд.
Вай таъкид кард: Шумо қудрати неруҳои мусаллаҳ ва миллати боазамати Эронро дар майдони амал дарк кардед. Беҳтар аст ба худ оед ва аз таваҳҳум хориҷ шавед ва аз мушовирони ҳолливудии худ фосила бигиред ва ба ҳақиқат тан диҳед.
Барчасп