Паёми оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи шаҳодати дарёбон Тангсерӣ
-
Паёми оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи шаҳодати дарёбон Тангсерӣ
“Порс-Тудей”. Раҳбари инқилоби исломӣ бо судури паёме шаҳодати фармондеҳи ғаюр ва шуҷои Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дарёбон Алиризо Тангсериро таслият гуфтанд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, матни паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба шарҳи зер аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ва ло таҳсабанналлазина қутилу фи сабилиллоҳи амвотан бал аҳёа инда раббиҳим юрзақун.
Фармондеҳи ғаюру шуҷои Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ – дарёбон Алиризо Тангсерӣ пас аз солҳо муҷоҳидат ба мақоми шаҳодат музайян шуд. Шаҳодати он фарзанди далери тангистон, сарбози Эрон ва аосдори Ислом дар ҳамосаи ҷанги таҳмилии савум барои мардуми диловархези Бушаҳр, ҷавонони минтақаи ҷануб, Нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон, ки ҳамвора ҳофизи истиқлол ва марзҳои обии Эрон, хусусан халиҷи Форс мебошанд, санади ифтихории азим маҳсуб мешавад то масири иқтидор ва муқовимати дарёии Эронро қавитар ва мустаҳкамтар аз гузашта тай намоянд, иншоАллоҳ.
Инҷониб шаҳодати он фармондеҳи силаҳшӯрро ба хонаводаи арҷманд, ҳамразмон ва фармондеҳони нерӯи дарёӣ ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ табрик ва таслият арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои он шаҳид улувви дараҷотро масъалат мекунам.
Саййид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
10 фарвардини 1405