Пизишкиён: Ҳамла ба зерсохтҳои Эрон нишонаи нотавонии Амрикост
-
Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳурии Эрон
“Порс-Тудей”. Раиси ҷумҳурии Эрон дар паёме ба мардуми Амрико, бо тарҳи ин пурсиш ки ҷанги ҷорӣ дақиқан дар ростои кадом манфиати воқеии мардуми Амрикост, афзуд: Оғози ҳамалот алайҳи зерсохтҳои ҳаётии Эрон, аз ҷумла энержӣ ва санъатӣ иқдоме аст, ки ҳадафи мустақими он мардуми эронанд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳурии Эрон бо баёни ин ки ҳамалоти Амрико ва режими саҳюнистӣ ба зерсохтҳои Эрон ба маънои густариши бесуботӣ, афзоиши ҳазинаҳои инсониву иқтисодӣ ва эҷоди чархае аз таниш аст, таъкид кард: Ин масир на танҳо нишонаи қудрат нест, балки нишонаи сардаргумӣ ва нотавонӣ дар дастёбӣ ба роҳҳалли пойдор аст.
Пизишкиён таъкид кард: Оё ғайр аз ин аст, ки Амрико ба унвони нерӯи ниёбатии Исроил ва таҳрики ин режим по ба ин таҷовуз гузоштааст? Ё оё ғайр аз ин аст, ки ҳоло Исроил тасмим гирифта то охирин сарбози амрикоӣ ва охирин сент молиёти амрикоиҳо бо Эрон биҷангад? Ҳазинаҳоро ба Эрон, ба кишварҳои минтақа ва Амрико таҳмил кунад ва худ дар ҳошияи амн қарор бигирад? Оё воқеан имрӯз дар феҳристи авлавиятҳои давлати Иёлоти Муттаҳида аввал Амрикост?