Генерал Қоонӣ: Оқибати ҳамаи неруҳои террористи Амрико фирор аз минтақа аст
Апрел 04, 2026 14:28 Asia/Dushanbe
-
Генерал Исмоили Қоонӣ фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
Порс Тудей- фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо таъна ба раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Трампи ҷинояткор бояд фармондеҳи нови Ҷеролд Фурдро ҳам барканор кунад.
Ба гузориши Порс Тудей, генерал Исмоили Қоонӣ фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар паёми навишт: Трампи ҷинояткор бояд фармондеҳи нови Ҷеролд Фурдро ҳам бар канор кунад у ҷуръат накард аз тарси муҷоҳидони қаҳрамон ва мардуми босаломати Яман аз Тангаи Бообулмандам убур кунад ва баъд аз саргардонии 2 ҳафтаи ва бо достони сохтагӣ аз Дарёи Сурх ва минтақа фирор кард.
Генерал Қоонӣ таъкид кард оқибати ҳамаи неруҳои террористи Амрико фирор аз минтақа аст.
Барчасп