Бохти ҷадиди Амрико – амалиёти наҷоти халабони ҷанганда шикаст хурд
-
Иброҳими Зулфиқорӣ, сухангӯи қароргоҳи марказии Хотмауланбиё
“Порс-Тудей”. Сухангӯи қароргоҳи марказии Хотмауланбиё эълом кард, талошҳои душман барои наҷоти халабони ҷангандаи амрикоӣ дар ҷануби Исфаҳон шикаст хурд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, сарҳанги дувуми посдор Иброҳими Зулфиқорӣ, сухангӯи қароргоҳи марказии Хотмауланбиё гуфт: Бо иқдомоти бамавқеъ ва амалиёти муштараки размандагони Ислом дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, Басиҷи қаҳрамон ва нерӯҳои интизомӣ, амалиёти амрикоиҳо барои наҷоти халабони ҷангандаи соқитшудаи худ шикаст хурд.
Вай гуфт: Ду фарванд болгарди Блак Ҳаук ва як фарванд ҳавопаймоии таробарии низомии С-130 мавриди исобат қарор гирифтанд, ки дар оташи хашми размандагони қаҳрамони ислом дар ҳоли сӯхтан ҳастанд.