Ароқчӣ: Таҳдид зидди таъсисоти энержи эътироф ба ҷинояти ҷанги аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124636-Ароқчӣ_Таҳдид_зидди_таъсисоти_энержи_эътироф_ба_ҷинояти_ҷанги_аст
Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефони бо ҳамтои русии худ таҳдидҳои Амрико дар ҳамла ба таъсисоти энержии Эронро эътирофи сареҳ барои иртикоби ҷинояти ҷанги тавсиф кард.
(last modified 2026-04-06T06:11:27+00:00 )
Апрел 06, 2026 11:09 Asia/Dushanbe
  • Сайид Абоси Ароқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия
    Сайид Абоси Ароқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия

Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефони бо ҳамтои русии худ таҳдидҳои Амрико дар ҳамла ба таъсисоти энержии Эронро эътирофи сареҳ барои иртикоби ҷинояти ҷанги тавсиф кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Абоси Ароқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия дар як тамоси телефони дар бораи охирин таҳавулоти минтақаӣ ва масоили байналмилалӣ муртабит бо ҷанги таҳмилии Амрико ва режими саҳюнистӣ зидди Эрон табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугу зимни ташриҳи ҷиноёти иртикобии Амрико ва режими ҷинояткори саҳюнистӣ зидди миллати  Эрон дар муддати 37 рузи гузашта ва низ таъсисот ва марокизи ҳастаӣ Эрон бар зарурияти иқдоми оҷил аз суи ниҳодҳои зирабти байналмилалӣ ба вижа шурои амнияти Созмони Милал ва ожонси байналмилали энержии атомӣ барои маҳкум кардани ин ҷиноятҳо ва пусухгу кардани мутаҷовизин таъкид намуд.

Вай ҳамчунин бо ишора ба таҳдидҳои Амрико дар ҳамла ба таъсисоти энержии Эрон ин лафозиҳоро эътирофи сареҳ барои иртикоби ҷинояти ҷангӣ донист.

Ироқчӣ хостори руйкарди масъулона ва мубтани бар ҳуқуқи байналмилал аз суи ҳамаи тарафҳои асаргузор дар шурои амнияти Созмони Милал ва монеъ шудан аз суистифодаи абрзории Амрико аз ин шуро шуд.

Вазири умури хориҷаи Русия ҳам бо ёдоварии мавзеъи усулии ин кишвар дар маҳкум кардани таҷовузи низомии Амрико ва режими ҷинояткори саҳюнистӣ зидди Эрон бар зарурияти тавақуфи ҳамалоти ғайриқонуни зидди аҳдофи ғайринизомӣ ба вижа неругоҳи атомии Бушеҳр таъкид карду хостори истифода аз ҳар фурсати барои пешгири аз густариши доманаи даргириҳо шуд.