Раиси Созмони иттилоъоти Сипоҳи посдорон ба файзи азими шаҳодат ноил омад
-
Генерал Сайид Маҷиди Ходими раиси Созмони иттилоъоти Сипоҳ
Порс Тудей- Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо судури баёнияи аз шаҳодати генерал Маҷиди Ходими раиси Созмони иттилоъоти Сипоҳ хабар дод.
Ба гузориши Порс Тудей, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо судури баёнияи аз шаҳодати генерал Сайид Маҷиди Ходими раиси муқтадир ва фарҳехтаи Созмони иттилоъоти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хабар доду таъкид кард: Он сардори олиқат тайи ҳудуди ним қан посдории содиқона ва шуҷоъона аз инқилоби, низом ва меҳани исломӣ дар ҳавзаҳои иттилоъоти ва амнияти нақшофариниҳои мондгор ва дарсомузиҳоеро сабт карда аст, ки барои солҳои паё пай метавонад роҳгушои ҷомеъаи иттилоъотии Эрон ба вижа дар мувоҷеҳа бо душманони хориҷӣ ва нақшаҳои бад ва шайтонии онҳо барои нуфуз ва эҷоди тазалзул дар амният ва оромиши Эрони сарбаланд қарор гирад.