Январ 24, 2017 18:52 Asia/Dushanbe

Талошҳо барои оворбардорӣ аз маҳалли сохтмони фурурехтаи Пласко дар Теҳрон дар шашумин рӯз зери бориши барф идома ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бомдоди рӯзи сешанбе дар ҳоле, ки бориши барфу сармои ҳаво корро барои оташнишонон ва нерӯҳои имдодӣ душвор карда буд, амалиёти оворбардорӣ аз сохтмони қадимии Пласко дар маркази шаҳри Теҳрон идома ёфт .

Сохтмони 54 солаи Пласко, ки 15 табақа рӯи замин ва ду табақа зери замин дошт, рӯзи панҷшанбе ибтидо дучори оташсӯзӣ шуд ва ҳудуди се соат баъд дар ҳоле, ки шуморе аз оташнишонон дар он ҳузур доштанд, фуру рехт .

Тибқи охирин гузоришҳо, дар асари резиши сохтмони Пласко 16 оташнишон ҷони худро аз даст додаанд, ки токунун ҷасади ду тан аз онон аз зери овор берун оварда шуда ва як оташнишон низ дар бемористон бар асари шиддати ҷароҳатҳо ҷони худро аз даст додааст .

Рӯзи душанбе пайкари чаҳор коргари ин сохтмон низ аз зери овор берун оварда шуд .

Ба гуфтаи масъулон, талош барои ёфтани пайкари бақияи оташнишонони ҷонбохта идома дорад, аммо бо таваҷҷуҳ ба инки пас аз гузашти шаш рӯз ҳамчунон оташ аз зери оворҳои ин сохтмон забона мекашад ва ҳарорати зери оворҳо то 540 дараҷаи сентиград сабт шуда батавре, ки оҳанҳоро низ завб кардааст, мумкин аст, пайкарҳои бештаре пайдо нашавад .