Бақоӣ: Вазири умури хориҷаи Эрон барномае барои дидор бо амрикоиҳо надорад
Порс Тудей- Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: Дар сафари Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷа ба Покистон ҳеҷ дидоре байни Эрон ва Амрико барномарезӣ нашудаасст.
Ба гузориши Порс Тудей, Исмоили Бақоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёме дар фазои маҷозӣ, зимни ишора ба сафари Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ ба Исломобод навишт: Дар ин сафар, Ироқчӣ бо мақомҳои олирутбаи покистонӣ дар бораи талошҳои миёнҷигарона ва масо(кушишҳо)-и ҷамилаи онҳо барои поён додан ба ҷанги таҷовузкоронаи таҳмилии Амрико ва режими саҳюнистӣ ва барқарории сулҳ дар минтақа ройзанӣ хоҳад кард. Бақоӣ таъкид кард: Ҳеҷ дидоре байни Эрон ва Амрико барномарезӣ нашуда ва назарот ва мулоҳизаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тарафи покистонӣ мунъакис мешавад.
Дар ҳамин ҳол, сенатор Муҳаммад Исҳоқ Дор, муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Покистон пас аз истиқбол аз Ироқчӣ дар Исломобод дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х, навишт: Хушҳолам, ки дар канори оқоён филдмаршал Осим Мунир ва Муҳсин Тақавӣ, вазири кишвар аз бародарам ҷаноби оқои Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар Исломобод истиқбол карда ва ба эшон хушомад гуфтам. Вай афзуд: Муштоқона дар интизори дидорҳо ва таъомулоти созандаамон ҳастам, ки бо ҳадафи тақвияти сулҳ ва субот дар минтақа анҷом хоҳад шуд.