Пизишкиён: Худои шинҳои Табас, Худои нигаҳдорандаи мардумони Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124654-Пизишкиён_Худои_шинҳои_Табас_Худои_нигаҳдорандаи_мардумони_Эрон_аст
Порс Тудей- Раиси ҷумҳури Эрон гуфт: Умедворам шикастҳои таърихӣ дарси ибрате барои мустакбирони олам бошад.
(last modified 2026-04-25T16:42:06+00:00 )
Апрел 25, 2026 21:24 Asia/Dushanbe
  • Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон
    Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон

Порс Тудей- Раиси ҷумҳури Эрон гуфт: Умедворам шикастҳои таърихӣ дарси ибрате барои мустакбирони олам бошад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи шанбе дар шабакаи иҷтимоии Икс навишт: 5-и урдибиҳишт, солгарди шикасти таърихии Амрико дар Табас аст, ки тафаввуқи илоҳӣ бар ҳар иродаи дигаре мушаххас шуд. Пизишкиён бо ишора ба шикасти Амрико дар Табаси Эрон дар урдибиҳишти 1359 ва ҳамчунин амалиёти ахири Иёлоти Муттаҳида дар Исфаҳон, ки ҳар ду ба шикасте муфтазаҳона анҷомид, навишт: Имсол низ мадади Худованд, Табаси дигареро дар ҷануби Исфаҳон рақам зад ва нишон дод Худои шинҳои Табас, Худои нигаҳдорандаи мардумони ин сарзамин аст. Вай афзуд: Умедворам чунин шикастҳои таърихӣ, дарси ибрате барои мустакбирони олам бошад.

Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Эрон ангезаи душман аз ҳадаф қарор додани зерсохтҳо ва анҷоми муҳосираро эҷоди норизоятӣ миёни мардум донист ва гуфт: Душман барнома дорад, ки ризояти имрӯзи мардумро ба норизоятӣ бадал кунад, ва мо барои муқобила бо нақшаи душман набояд иҷоза диҳем, ки заминаи норизоятии мардум эҷод шавад.