Ироқчӣ: Бояд дид Амрико воқеан иродае барои пешбурди дипломатия дорад
Апрел 26, 2026 10:44 Asia/Dushanbe
-
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей- Вазири умури хориҷаи Эрон баъд аз сафар ба Исломобод дар фазои маҷозӣ навишт: Бояд дид оё Иёлоти Муттаҳида воқеан аз иродае ҷиддӣ барои пешбурди дипломатия бархӯрдор аст.
Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Сафар ба Покистон бисёр самарабахш буд; кишваре, ки нақши миёнҷигарона ва талошҳои бародаронааш барои бозгардондани сулҳ ба минтақа, барои мо бисёр арзишманд аст.
Ироқчӣ таъкид кард: Дар ин сафар, мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бораи як чорчӯби амалӣ ва қобили иҷро барои поёни доимии ҷанг алайҳи Эрон ташреҳ кардам. Бояд дид оё Иёлоти Муттаҳида воқеан аз иродае ҷиддӣ барои пешбурди дипломатия бархӯрдор аст.