Пизишкиён: Эрон таҳти фишор, таҳдид ва муҳосира музокира нахоҳад кард
-
Масъуд Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон
Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон дар панҷумин гуфтугӯи телефонӣ бо нахуствазири Покистон, зимни ташреҳи мавонеи мавҷуд бар сари роҳи фароянди дипломатик, таъкид кард: То замоне, ки иқдомоти хасмона ва фишорҳои амалиётии Амрико мутаваққиф нашавад, бозсозии эътимод ва пешрафт дар масири гуфтугӯ бо душворӣ мувоҷеҳ хоҳад буд.
Ба гузориши Порс Тудей, Масъуд Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар панҷумин гуфтугӯи телефонии худ пас аз таҷовузи таҷовузкоронаи Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон, охирин вазъияти таҳаввулоти сиёсӣ ва майдонӣ, раванди тасбити оташбас ва пайгирии ибтикорҳои дипломатик дар Исломободро баррасӣ карданд.
Раисиҷумҳури Эрон дар ин гуфтугӯи телефонӣ, бо ишора ба иқдомоти ахири Амрико дар ташдиди маҳдудиятҳои майдонӣ ва дарёӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин иқдомотро монеи ҷиддӣ дар баробари ҳар гуна фароянди эътимодсоз ва пешбурди дипломатия тавсиф кард ва гуфт: Дар шароите ки аз як сӯ паёмҳое дар хусуси гуфтугӯ ва музокира мухобира мешавад, ҳамзамон ташдиди муҳосираи дарёӣ ва истимрори фишорҳои амалиётӣ, амалан фазои лозим барои шаклгирии эътимоди мутақобилро махдуш мекунад.
Вай бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари ҷанг набуда ва ҳеҷ гоҳ хоҳони тавсеаи ноамнӣ дар минтақа нест, афзуд: Бо ин ҳол, истимрори иқдомоти хасмонаи Амрико аз ҷумла муҳосираи дарёӣ, бо иддаоҳои эъломии ин кишвар дар хусуси тамоюл ба ҳаллу фасли сиёсӣ ҳамхонӣ надорад ва ҳамин таноқуз, сатҳи беэътимодиро дар миёни миллати Эрон ва миёни масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон афзоиш додааст.
Пизишкиён тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки масири музокирот, фақат замоне метавонад ба натоиҷи чашмрас мунтаҳӣ шавад, ки тарафи муқобил ба ҷои сиёсати таҳдид, фишор ва таҳмил, рӯйкарди эътимодсозӣ ва эҳтироми мутақобилро дар пеш гирад; чаро ки Эрон дар чорчӯби усули шинохташудаи ҳуқуқи байналмилал ва муқаррароти ҷаҳонӣ, сирфан бар истифои ҳуқуқи машруи миллати худ таъкид дорад ва мутолибае фаротар аз ин чорчӯб матраҳ накардааст.
Нахуствазири Покистон низ дар ин гуфтугӯ зимни ишора ба ҳамбастагии густурдаи афкори умумии Покистон бо миллати Эрон афзуд: Миллати Покистон бо диққат ва ҳассосият таҳаввулотро дунбол мекунад ва дар канори миллати Эрон истодааст; шуҷоат, истодагӣ ва тобоварии мардуми Эрон мавриди таҳсини ҳамаи мост.
Шаҳбоз Шариф афзуд: Покистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба дунболи тартиботе нест, ки дар он шаън, шарофат ва каромати миллати Эрон махдуш шавад; бо ин ҳол, бояд ба як роҳи ҳалли сиёсӣ даст ёфт, ки зимни ҳифзи манзилати Эрон, масири тавсеа, субот ва шукуфоиро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кулли минтақа тазмин кунад.