Раисиҷумҳури Эрон аз давлат ва миллати Африқои Ҷанубӣ қадрдонӣ кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124686-Раисиҷумҳури_Эрон_аз_давлат_ва_миллати_Африқои_Ҷанубӣ_қадрдонӣ_кард
Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон аз ибрози ҳамбастагии давлат ва миллати Африқои Ҷанубӣ бо миллати Эрон ташаккур кард.
(last modified 2026-04-28T02:19:53+00:00 )
Апрел 28, 2026 07:16 Asia/Dushanbe
  • Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон
    Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон

Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон аз ибрози ҳамбастагии давлат ва миллати Африқои Ҷанубӣ бо миллати Эрон ташаккур кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар паёме аз ибрози ҳамбастагии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо миллати Эрон қадрдонӣ кард.

Пизишкиён дар паём ба Cyril Ramaphosa, раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, фаро расидани бисту ҳафтуми апрел солгарди озодии ин кишварро ба давлат ва миллати Африқои Ҷанубӣ табрик гуфт. Вай ибрози умедворӣ кард: Дар партави талошҳои муштарак, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар масири эҷоди ҷаҳони орӣ аз табъиз, ҷанг, истеъмор ва бартариҷӯӣ ҳаракат кунанд.