Эрониён чӣ қадар ба нерӯҳои мусаллаҳи кишварашон эътимод доранд?
-
Эрониён чӣ қадар ба нерӯҳои мусаллаҳи худ эътимод доранд?
Порс Тудей- Натиҷаҳои як пажӯҳиш нишон дод, ки эътимоди умумии мардуми Эрон ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар чӣ сатҳе қарор дорад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Бобак Нигоҳдорӣ, раиси Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, бо ишора ба натиҷаи паймоиши миллии муассисаи афкорсанҷии ин марказ эълом кард: Натиҷаҳо нишондиҳандаи сатҳи болои эътимоди умумии мардуми Эрон ба нерӯҳои мусаллаҳ аст, ба тавре ки 89.9 дарсад ин эътимодро «зиёд» ё «хеле зиёд» баён кардаанд.
Раиси Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳамчунин тасреҳ кард: Муҳимтарин мутолиботи мардуми Эрон дар музокирот, шомили «рафъи комили таҳримҳо» (94.9 дарсад), «пардохти ғаромати ҷанг» (91.8 дарсад) ва «тазмини адами таҷовузи низомӣ дар оянда» (87 дарсад) унвон шудааст.