Ироқчӣ: Ба кор бурдани ҳар номи дигаре ба ҷойи Ҳурмуз, иштибоҳ аст
Май 01, 2026 08:41 Asia/Dushanbe
-
Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
Тудей — Вазири умури хориҷаи Эрон ба муносибати Рӯзи миллии Халиҷи Форс навишт: «Ба кор бурдани ҳар номи дигаре ба ҷойи Ҳурмуз, бетардид як "иштибоҳи бисёр бад" аст».
Ба гузориши Порс Тудей; Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме ба муносибати Рӯзи миллии Халиҷи Форс навишт: «Имрӯз дар Эрон "Рӯзи миллии Халиҷи Форс" аст; рӯзе, ки ёдоваркунандаи берун рондани португалиҳо аз тангаи Ҳурмуз ба дасти ниёкони мо, ҳудуди 400 сол пеш аст». Вай идома дод: «Раисиҷумҳури Амрико аз номи дурусти "Халиҷи Форс" истифода мекунад, на истилоҳи ҷаълии Пентагон! Аммо ба кор бурдани ҳар номи дигаре ба ҷойи Ҳурмуз, бетардид як "иштибоҳи бисёр бад" аст».