Муҳаммадбоқири Қолибоф: Сокинони бандарҳо посбонони таърихии марзҳои ҷанубии сарзамини мо ҳастанд
-
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон
Порс‑Тудей. Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо гиромидошти Рӯзи миллии Халиҷи ҳамеша Форс таъкид кард: Сокинони бандарҳо ва вилоятҳои соҳилнишини Халиҷи Форс посбонони таърихии марзҳои ҷанубии сарзамини мо ҳастанд.
Ба гузориши Порс‑Тудей, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба муносибати Рӯзи миллии Халиҷи Форс дар паёми садоӣ дар саҳифаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ ёдовар шуд: « Фарорасии Рӯзи миллии Халиҷи ҳамеша Форсро гиромӣ медорам ва ба ҳамаи сокинони ҷазираҳои Эрони исломӣ дар Халиҷи Форс аз Ҳурмуз ва Лорк ва Ҳангоҳ ва Кешу Қишм то Тунби бузургу Тунби кучак ва Бумусо, Хорк ва Хорку ва Сирӣ ва Ҳиндурабӣ ва Форсӣ, Мину ва Хур ва дигар ҷазираҳои мо ки дар тӯли таърих ҳамеша ҷигаргӯша ва порае аз тани Эрон будаву ҳастанд, ва сокинони бандарҳо ва вилоятҳои соҳилнишини Халиҷи Форс, ки посбонони таърихии марзҳои ҷанубии сарзамини мо ҳастанд, салом ва дуруд мефиристам».