Сардор Асадӣ: Иқдомоти ғайриинтизор барои душман дар назар гирифта шудааст  
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124730-Сардор_Асадӣ_Иқдомоти_ғайриинтизор_барои_душман_дар_назар_гирифта_шудааст
Порс-Тудей. Муовини бозрасии Қароргоҳи марказии Хатам-ул-Анбиё (с) аз дар назар гирифтани иқдомоти ғайриинтизор барои муқобила бо ҷангандозии эҳтимолии душманон хабар дод.  
(last modified 2026-05-02T11:49:50+00:00 )
Май 02, 2026 16:47 Asia/Dushanbe
  • Сардор Муҳаммадҷаъфари Асадӣ, муовини бозрасии Қароргоҳи марказии Хатам-ул-Анбиё
    Сардор Муҳаммадҷаъфари Асадӣ, муовини бозрасии Қароргоҳи марказии Хатам-ул-Анбиё

Порс-Тудей. Муовини бозрасии Қароргоҳи марказии Хатам-ул-Анбиё (с) аз дар назар гирифтани иқдомоти ғайриинтизор барои муқобила бо ҷангандозии эҳтимолии душманон хабар дод.  

Ба гузориши Порс-Тудей, Сардор Муҳаммадҷаъфари Асадӣ, муовини бозрасии Қароргоҳи марказии Хатам-ул-Анбиё (с)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як гуфтугӯ ба таҳлили таҳаввулоти минтақа ва эҳтимоли сар задани таниш миёни Эрон ва Амрико пардохт ва изҳор дошт: Даргирии дубора байни Эрон ва Амрико эҳтимол дорад ва далелҳо нишон медиҳанд, ки Амрико ба ҳеҷ аҳд ва қароре пойбанд нест. Иқдомот ва изҳороти масъулони амрикоӣ бештар ҷанбаи расонаӣ доранд, ки аввал барои ҷилавгирӣ аз поин рафтани нархи нафт ва дувум барои раҳоӣ аз бӯҳроне, ки худ эҷод кардаанд, матраҳ мешаванд.  

Сардор Асадӣ гуфт: Бароварди низомиҳо ин аст, ки чӣ Амрико амалиёт алайҳи Эрон анҷом диҳад ва чӣ надиҳад, дар ин дом афтодааст ва роҳи берун омадан надорад. Ҳамон тавр ки имоми шаҳидамон фармуда буданд, режими саҳюнистӣ дигар мисли пеш аз «Тӯфони Ал-Ақсо» намешавад, вазъияти Амрико низ дигар ба Амрикои пеш аз ҳамла ба Эрон барнамегардад. Дунё ҳақиқати Амрикоро дарк кард ва акнун ҳарчанд бадӣ кунад, дигар он Амрико нест, ки бисёриҳо аз он метарсиданд.  

Муовини бозрасии Қароргоҳи марказии Хатам-ул-Анбиё (с) ҳамчунин дар бораи посухи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба ҳар гуна моҷароҷӯӣ ва аҳмақии дубораи амрикоиҳо таъкид кард: Мо аз омодагии комил барои муқобила бо ҳар иқдоми душманона бархӯрдорем.  

Ӯ бо баён кардани ин ки иқдомоти ғайриинтизор барои душман дар назар гирифта шудааст, таъкид намуд: Ҳамон тавр ки масъулони марбут гуфтанд, иқдомоте барои муқобила бо ҷангандозии дубораи душманон дар назар гирифта шудааст, ки дар тасаввури онҳо намегунҷад.