Пизишкиён: Муаллимон меъморони асосии иззати миллӣ ва истодагарӣ ҳастанд  
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124732-Пизишкиён_Муаллимон_меъморони_асосии_иззати_миллӣ_ва_истодагарӣ_ҳастанд
Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таҷлил аз устувории ҷомеаи фарҳангии Эрон дар баробари таҳдидҳо ва ҷиноятҳои ахири душманон, муаллимонро меъморони асосии иззати миллӣ ва истодагарӣ донист.  
(last modified 2026-05-02T11:55:44+00:00 )
Май 02, 2026 16:52 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таҷлил аз устувории ҷомеаи фарҳангии Эрон дар баробари таҳдидҳо ва ҷиноятҳои ахири душманон, муаллимонро меъморони асосии иззати миллӣ ва истодагарӣ донист.  

Ба гузориши Порс-Тудей, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар паёме ба муносибати Рӯзи муаллим, рисолати муаллимонро фаротар аз интиқоли одии дониш дониста, онҳоро роҳнамоёни ҳикмати зиндагӣ тавсиф кард, ки бо нақш бастани инсоният ва масъулиятшиносӣ бар рӯи ҷони донишомӯзон, сарнавишти иҷтимоии Эронро шакл медиҳанд.  

Пизишкиён дар бахши дигаре аз ин паём бо ишора ба ҷинояти дардноки мактаби «Шаҷараи Тайиба» дар Миноб, ин воқеаро санади талхи ҳадафгирии бегуноҳтарин қишри ҷомеа аз ҷониби душманон донист ва хотирнишон кард, ки ҳамла ба маркази илм нишонаи ошкор аз адовати онҳо бо созандагии Эрон аст.  

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуд, ки ин ҷиноятҳо на танҳо иродаи миллатро суст намесозанд, балки устувории ҷомеаро дар роҳи пешрафт ва огоҳӣ дучандон хоҳанд кард.