Ирвонӣ: Масун нигаҳ доштани мутаҷовузон, воқеиятҳои ҳуқуқиро тағйир нахоҳад дод
Порс Тудей — Сафири Эрон дар Созмони Милал дар вокуниш ба қатъномаи зиддиэронии нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира эълом кард: Масун(маҳфуз, нигаҳдорӣ кардашуда) нигаҳ доштани мутаҷовузон аз посухгӯии воқеиятҳои ҳуқуқиро тағйир нахоҳад дод.
Амирсаиди Ирвонӣ, сафири Эрон дар Созмони Милал душанбешаб дар вокуниш ба қатъномаи зиддиэронии нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира дар номае ба Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал ва раиси давраии Шӯрои Амният гуфт: Ҳар гуна талош барои ворунанамоии воқеиятҳо ё масун нигоҳ доштани муртакибони таҷовуз аз посухгӯӣ, на воқеиятҳои ҳуқуқиро тағйир хоҳад дод ва на масъулони амрро аз тааҳҳудот ва табаоти байналмилалии онон мубарро хоҳад сохт.
Ирвонӣ таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъномаи мазкурро ба ҳамроҳи иттиҳомоти беасос, гумроҳкунанда ва дорои ангезаи сиёсии мундариҷ дар он, қотеона ва бе ҳеҷ ибҳоме мардуд мешуморад. Эрон ин қатъномаро ошкоро ҷонибдорона, фоқиди ҳар гуна мабнои воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва бозтобдиҳандаи талоши омидона барои пешбурди ривояти сиёсӣ ва аз пеш тарроҳишуда медонад.
Сафири Эрон дар Созмони Милал тасреҳ кард: Ин қатънома ба рӯшанӣ воқеияти меҳварӣ ва инкорнопазирро аз қалам андохтааст; ин ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва режими Исроил, дар нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал ва Маншури Милали Муттаҳид, муртакиби аъмоли таҷовузкорона шуда ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ ва таҳрикнашудаеро алайҳи ҳокимият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом додаанд. Дар иваз, ин қатънома мекушад бо интисоби хилофи воқеи масъулият ба Эрон, ба унвони кишваре, ки қурбонии ин ҷанги таҷовузкоронаи ғайриқонунӣ будааст, ҳам собиқаҳо ва воқеиятҳои амр ва ҳам чорчӯби ҳуқуқии қобили эъмолро таҳриф кунад.