Амир сартип Шайх: Тамаддуни Эрон нобудшуданӣ нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124776-Амир_сартип_Шайх_Тамаддуни_Эрон_нобудшуданӣ_нест
Порс Тудей — Муовини иҷроии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки газофагӯӣ дар бораи нобудии Эрон хатои стратегӣ дар бораи миллати Эрон аст, тасреҳ кард: «Эрон як тамаддун аст ва тамаддун, ҳаргиз бо бомб, мунфаҷир намешавад».
(last modified 2026-05-06T13:49:31+00:00 )
Май 06, 2026 18:44 Asia/Dushanbe
  • Амир сартип Алиризо Шайх, муовини иҷроии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Амир сартип Алиризо Шайх, муовини иҷроии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон

Порс Тудей — Муовини иҷроии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки газофагӯӣ дар бораи нобудии Эрон хатои стратегӣ дар бораи миллати Эрон аст, тасреҳ кард: «Эрон як тамаддун аст ва тамаддун, ҳаргиз бо бомб, мунфаҷир намешавад».

Ба гузориши Порс Тудей, амир сартип Алиризо Шайх, муовини иҷроии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба душманони миллати Эрон ҳушдор дод ва гуфт: «Онон ба ақабаи миллати Эрон ва нерӯҳои мусаллаҳи мо нигоҳ кунанд, сипас дар бораи Эрон ҳарф бизананд. Ба тамаддуни мо нигоҳ кунед, ба таърихи мо, ба географияи мо нигоҳ кунед, баъд дар бораи Эрон ҳарф бизанед».

Вай афзуд: «Газофагӯӣ дар бораи нобудии Эрон ва ҳарфҳое аз ин даст, хатои стратегӣ дар бораи миллати Эрон аст. Душман ин миллат ва таърих ва тамаддунро намешиносад».

Амир сартип Шайх таъкид кард: «Эрон аз замони таъсиси худ, даргири таҳаввулот ва ҷанг буда, аммо ҳамеша побарҷо монда ва хоҳад монд. Эрон пирӯз буда, монда ва хоҳад буд; чаро ки Эрон як тамаддун аст ва тамаддун, ҳаргиз бо бомб, мунфаҷир намешавад».