Пизишкиён: Пайравони мактаби ташаюъро наметавон ба таслим водор кард
Май 06, 2026 18:50 Asia/Dushanbe
-
Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон
Порс Тудей — Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард: «Пайравони мактаби ташаюъро ҳатто бо зӯр ҳам наметавон ба таслим водор кард».
Ба гузориши Порс Тудей, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба гуфтугӯи телефонии худ бо нахуствазири Ироқ дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии X навишт: «Мо мусулмонҳо қаблан таслим шудаем; таслими Қодири Мутаол ва ҳеҷ каси дигаре наметавонад моро таслим кунад».
Пизишкиён афзуд: «Дар гуфтугӯи телефонӣ бо нахуствазири Ироқ таъкид кардам ба мақомоти амрикоӣ тавсия кунед таҳдиди низомиро аз минтақаи мо ҷамъ кунанд; чаро ки пайравони мактаби ташаюъро ҳатто бо забони зӯр ҳам наметавон водор ба таслим кард».
Барчасп