Қолибоф: Амалиёти «Рафиқон ба ман эътимод кунед» шикаст хӯрд
-
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
Порс Тудей — Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, ахбори дуруғи амрикоиҳо дар бораи музокиротро амалиёти равонӣ донист.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар шабакаи иҷтимоии X навишт: «Амалиёти "Рафиқон ба ман эътимод кунед" шикаст хӯрд, ҳоло дубора ба раванди ҳамешагии интишори ахбори дуруғини Аксиос бозгаштанд».
Қолибоф, хабарҳои ҷаъалии Аксиос дар бораи музокираро бахше аз амалиёти равонии амрикоиҳо пас аз шикасти сангини онҳо дар амалиёти низомӣ дар Тангаи Ҳурмуз донист.
Расонаи Аксиос, ки марҷаи аслии интишори хабарҳои бардуруғи режими террористии Амрико буда, дар паёми раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ бо илҳом аз калимаи англисии Faux ба маънои дурӯғ, «Факсиос» лақаб гирифтааст.