Посухи қудратманди Неруҳои дарёии Эрон ба новшиканҳои таҷовузкори душман
Май 08, 2026 12:13 Asia/Dushanbe
-
Ҳамлаи мушакии Неруҳои дарёии артиши Эрон ба новшиканҳои амрикоӣ
Порс-Тудей. Нерӯҳои дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба таҷовузи новшиканҳои душмани амрикоӣ ба ду танкери нафти эронӣ, онҳоро бо мушакҳои круизӣ ва дронҳои ҷангӣ мавриди ҳамла қарор доданд.
Ба гузориши Порс-Тудей, субҳи барвақти рӯзи ҷумъа, Нерӯҳои дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон новшиканҳои амрикоиро, ки бо нақзи оташбас ба ду танкери эронӣ дар наздикии тангаи Ҳурмуз ва обҳои сарзаминӣ таҷовуз карда буданд, бо мушак, дрони ҷангӣ ва ракета мавриди ҳамла қарор доданд.
Дар пайи ин посух, новшиканҳои таҷовузкори амрикоӣ роҳи худро тағйир дода, минтақаи мазкурро тарк карданд.
Барчасп