Ироқчӣ: Омодагии мо барои дифоъ аз мардумамон 1000 фоиз аст  
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124808-Ироқчӣ_Омодагии_мо_барои_дифоъ_аз_мардумамон_1000_фоиз_аст
Порс-Тудей. Вазири корҳои хориҷии Эрон бо ҳушдор нисбат ба моҷароҷӯии нави Амрико гуфт: Омодагии мо барои дифоъ аз мардумамон 1000 фоиз аст.  
(last modified 2026-05-09T02:07:07+00:00 )
Май 09, 2026 07:04 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон
    Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон

Порс-Тудей. Вазири корҳои хориҷии Эрон бо ҳушдор нисбат ба моҷароҷӯии нави Амрико гуфт: Омодагии мо барои дифоъ аз мардумамон 1000 фоиз аст.  

Ба гузориши Порс-Тудей, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар паёме дар вокуниш ба моҷароҷӯии нави Амрико навишт: Ҳар вақт ки як роҳи ҳалли дипломатӣ рӯи миз қарор мегирад, Иёлоти Муттаҳида ба як моҷароҷӯии низомии бехирадона рӯ меоварад. Оё ин танҳо як тактикаи кӯр барои эъмоли фишор аст? Ё фиребкории як харобкор аст, ки бори дигар мехоҳад раисиҷумҳури Амрикоро ба ботлоқи тоза бикашад?  

Ӯ гуфт: Иллат ҳар чӣ бошад, натиҷа ҳамеша як аст: эрониён ҳеҷ гоҳ дар баробари фишор сар хам намекунанд, вале ин дипломатия аст, ки ҳамеша қурбон мешавад.  

Ироқчӣ афзуд: Ҳамчунин бояд гуфт, Созмони СИА иштибоҳ мекунад. Захираҳои мушакӣ ва зарфияти партобгарҳои мо нисбат ба 9 исфанд дар сатҳи 75 фоиз нест; рақами дуруст 120 фоиз аст. Ва аммо омодагии мо барои дифоъ аз мардумамон: 1000 фоиз!