Қароргоҳи Хотамуланбиё: Ба ҳар таҷовузи Амрико посухи кӯбанда медиҳем
-
Иброҳими Зулфиқорӣ, сухангӯи қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё (с)
Порс-Тудей. Сухангӯи қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё (с)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Амрикои ҷинояткор ва таҷовузгар ва кишварҳои ҳомии он бояд бидонанд, ки Эрон мисли гузашта пурқувват аст ва бидуни ҳеҷ гуна тардид ба ҳар гуна таҷовуз ва ҳамла посухи кӯбанда медиҳад.
Ба гузориши Порс-Тудей, сарҳанги дувуми посдор Иброҳими Зулфиқорӣ, сухангӯи қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё (с) гуфт: Артиши таҷовузгар, террорист ва роҳзани Амрико бо нақзи оташбас як киштии нафткаши эронӣ, ки аз обҳои соҳилии Эрон дар минтақаи Ҷоск ба самти танги Ҳурмуз ҳаракат мекард, ва инчунин як киштии дигарро, ки вориди тангии Ҳурмуз мешуд, дар рӯбарӯи бандари Фуҷайраи Иморот мавриди ҳамла қарор дод. Ҳамзамон минтақаҳои ғайринизомиро бо ҳамкории бархе аз кишварҳои минтақа дар соҳилҳои бандари Хумир, Сирик ва ҷазираи Қишм мавриди ҳамлаи ҳавоии худ қарор доданд.
Сарҳанг Зулфиқорӣ афзуд: Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ фавран ва дар иқдоме муқобил киштиҳои низомии Амрико дар шарқи тангаи Ҳурмуз ва ҷануби бандари Чобаҳорро мавриди ҳамла қарор дода ва ба онҳо хисороти қобили таваҷҷӯҳ ворид карданд.
Ӯ таъкид кард: Амрикои ҷинояткор ва таҷовузгар ва кишварҳои ҳомии он бояд бидонанд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон мисли гузашта пурқувват аст ва бидуни ҳеҷ гуна тардид ба ҳар гуна таҷовуз ва ҳамла посухи кӯбанда медиҳад.