Вазири фарҳанги Эрон: Хайём бахше аз ҳувияти фарҳангии эрониён аст
-
Сайид Аббос Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон
Порс Тудей — Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гуфт: «Хайём, шоири эронӣ, танҳо мутааллиқ ба таърих ва гузаштаи Эрон нест; ӯ бахше аз ҳувияти фарҳангии зиндаи мост».
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории «Тасним», Сайид Аббос Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, дар паёме ба муносибати Рӯзи бузургдошти Умари Хайём, шоири шаҳири эронӣ навишт: «Дар ҷаҳоне, ки инсони муосир беш аз ҳар замон дар шитоби зиндагӣ, ошуфтагии ривоятҳо ва ҳаёҳуи рӯзмаррагӣ гирифтор шудааст, бозхонии сурудаҳои ҳаким Хайёми Нишопурӣ метавонад даъвате дубора ба андешидан, тааммул ва гуфтугӯ бо хештан бошад».
Вай афзуд: «Хайём, ёдоваркунандаи суннати решадор аз хирадварзӣ дар фарҳанги Эронзамин аст; суннате, ки инсонро ба пурсиш, ба даранг дар маънои зиндагӣ ва ба нигаристани дубора ба нисбати хеш бо ҷаҳон фаро мехонад».
Вазири фарҳанги Эрон таъкид кард: «Дар рӯзгоре, ки гоҳ суръати таҳаввулот, фурсати фаҳми амиқ ва тааммулро аз инсон мегирад, мероси Хайём ҳамчунон метавонад барои ҷомеаи имрӯз илҳомбахш бошад; меросе, ки дар он, илм ва адаб, ақл ва шоиронагӣ, ва зиндагӣ ва андеша, дар тақобул бо якдигар нестанд, балки мукаммали якдигаранд».
Солеҳӣ тасреҳ кард: «Хайём, танҳо мутааллиқ ба таърих ва гузаштаи Эрон нест; ӯ бахше аз ҳувияти фарҳангии зиндаи мост; садое, ки пас аз қарнҳо, ҳанӯз инсони муосирро ба тааммул дар замон, ҳақиқат, зиндагӣ ва қадр донистани лаҳзаҳои зистан фаро мехонад».