Вилоятӣ: Нақшаи коридорҳои минтақаро бо воқеиятҳои майдонии Теҳрон менависанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124884-Вилоятӣ_Нақшаи_коридорҳои_минтақаро_бо_воқеиятҳои_майдонии_Теҳрон_менависанд
Порс Тудей — Узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон гуфт: «Акнун нақшаи коридорҳои (роҳгузарҳои) минтақаро на бо таҳдидҳои Вашингтон, балки бо воқеиятҳои майдонии Теҳрон менависанд».
(last modified 2026-05-21T14:23:52+00:00 )
Май 21, 2026 19:19 Asia/Dushanbe
  • Алӣ Акбар Вилоятӣ
    Алӣ Акбар Вилоятӣ

Порс Тудей — Узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон гуфт: «Акнун нақшаи коридорҳои (роҳгузарҳои) минтақаро на бо таҳдидҳои Вашингтон, балки бо воқеиятҳои майдонии Теҳрон менависанд».

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории «Меҳр», Алӣ Акбар Вилоятӣ, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон бо интишори паёме дар як шабакаи иҷтимоӣ навишт: «Трамп дар парадокси "таҳдидҳои рӯзонаи Эрон" ва "муштариёни асабонии заправкаҳои Амрико" гирифтор шуда; ӯ барои маҳори таварруми дохилии худ муҳтоҷи суботи бозор ва коҳиши қимати энергия аст».

Вай дар идомаи ин паём овардааст: «Аз сӯи дигар, тағйири муҳосибот дар Қафқоз ва камранг шудани вожаи таҳмилии "коридори Трамп" (Зангезур), нишон дод, ки акнун нақшаи коридорҳои (роҳгузарҳои) минтақаро на бо таҳдидҳои Вашингтон, балки бо воқеиятҳои майдонии Теҳрон менависанд».