Бақоӣ: Баёнияи Иттиҳодияи Аврупо дар маҳкумияти дифои Эрон аз худ, риёкорона аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124920-Бақоӣ_Баёнияи_Иттиҳодияи_Аврупо_дар_маҳкумияти_дифои_Эрон_аз_худ_риёкорона_аст
Порс Тудей — Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: «Иттиҳодияи Аврупо бояд нисбат ба асли ҳокимияти қонун ва усули Маншури Созмони Милал, ки ҳамеша нисбат ба онҳо муддаӣ будааст, пойбанд бимонад».
(last modified 2026-06-01T11:39:53+00:00 )
Июн 01, 2026 16:36 Asia/Dushanbe
  • Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон
    Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон

Порс Тудей — Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: «Иттиҳодияи Аврупо бояд нисбат ба асли ҳокимияти қонун ва усули Маншури Созмони Милал, ки ҳамеша нисбат ба онҳо муддаӣ будааст, пойбанд бимонад».

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ки иқдоми Эрон дар дифоъ аз худ дар баробари ҳамлаҳои таҷовузкоронаи Амрикоро маҳкум кардааст, гуфт: «Ин иттиҳодия бояд нисбат ба асли ҳокимияти қонун ва усули Маншури Созмони Милал, ки ҳамеша нисбат ба онҳо муддаӣ будааст, пойбанд бимонад ва аз рӯйкарди мубтанӣ бар хушнудсозии мутаҷовизон ва сарзаниш кардани тарафҳое, ки аз худ дифоъ мекунанд, даст бардорад».

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: «Баёнияи Иттиҳодияи Аврупо дар маҳкумияти Эрон ба далели эъмоли ҳаққи машрӯи дифоъ аз худ дар баробари ҳамлаҳои ғайриқонунии Амрико бо мабдаи як кишвари ҳамсояи ҷанубии Халиҷи Форс, мисоли ошкори нифоқ ва рӯйкарди дугона аст; ин баёния, риёкорона ва ғайримасъулона аст».