Пизишкиён ёддошти тафоҳуми Исломободро имзо кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124994-Пизишкиён_ёддошти_тафоҳуми_Исломободро_имзо_кард
Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ (ИРНА) тасвирҳое аз имзои тафоҳумномаи Исломобод аз сӯи раиси Ҷумҳурии исломии Эронро мунташир кард .
(last modified 2026-06-18T05:28:40+00:00 )
Июн 18, 2026 10:18 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён ёддошти тафоҳуми Исломободро имзо кард

Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ (ИРНА) тасвирҳое аз имзои тафоҳумномаи Исломобод аз сӯи раиси Ҷумҳурии исломии Эронро мунташир кард .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, матни ёддошти тафоҳуми хотимаи ҷанги таҳмилии Амрико - режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон , дар аввалин дақиқаҳои бомдоди панҷшанбе 18 июни 2026 аз сӯии раисони ҷумҳӯри Эрону Амрико имзо шуд.
Масъуди Пизишкиён-раиси ҷумҳӯри Эрон ва Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри Амрико дар фосилаи замонии кӯтоҳе матни ёддошти тафоҳуми мазбӯрро ба сӯрати диҷиталӣ ва ғайриҳузурӣ имзо карданд.
Бо тавваҷуҳ ба нақшофаринии Покистон ба унвони миёнҷии раванди дипломатии хатмшуда ба тафоҳуми Исломобод , Шаҳбоз Шариф-нахуствазири ин кишвар низ матни тафоҳумномаро имзо хоҳад кард.
Сухангӯии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бомдоди панҷшанбеи 28 хурдод дар як барномаи телевизиюнӣ бо эъломи ин хабар гуфт : « Матни ёддошти тафоҳум ба ду забони форсӣ ва англисӣ имзо шуд . »
Исмоили Бақоӣ бо ишора ба тағйири шеваи имзои тавофуқ аз нишасти ҳузурӣ дар Швейтсария ба имзои маҷозӣ афзуд : Таи 24 соъати гузашта баъд аз машваратҳои сӯратгирифта , ба ин натиҷа раседем, ки беҳтар аст ин матн тавассути раисони ҷумҳӯри ду кишвар ва бидӯни ниёз ба ҳузури физикӣ имзо шавад.
Ба гуфтаи Бақоӣ яке аз далилҳои ин тасмим афзоиши ҳазинаи сиёсии поймолсозии тавофуқ дар сӯрати имзои мустақими сарони ду кишвар будааст. Бақоӣ ҳамчунин дар бораи барномаи нишасти баъдӣ дар Швейтсария гуфт : Навбати баъдии музокирот баъд аз имзои ёддошти тафоҳум оғоз мешавад ва баргузории нишасти Швейтсария ҳамчунон дар дастури кор қарор дорад , аммо тасмимгирии ниҳоӣ баъд аз машварат бо миёнҷиҳо эълом хоҳад шуд .
Дар ҳамин ҳол Доналди Трамп низ нусхаи мактуби тавофуқро дар ҷараёни дидори худ дар Кохи Версал имзо кард. Ба гуфтаи мақомҳои ду тараф иҷрои тавофуқ ва оғози марҳилаи баъдии гуфтугӯҳо дар рӯзҳои оянда ва бо назорати миёнҷиҳо дунбол хоҳад шуд.