Эъломи шароити гузари киштиҳо аз гулугоҳи Ҳурмуз
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124998-Эъломи_шароити_гузари_киштиҳо_аз_гулугоҳи_Ҳурмуз
Порс тудей - Ниҳоди мудирияти оброҳи халиҷи Форс дастуруламалҳои лозим барои киштиҳои гузариро бо таваҷҷуҳ ба тафоҳумномаи Исломобод мунташир кард.
(last modified 2026-06-19T16:02:54+00:00 )
Июн 19, 2026 21:00 Asia/Dushanbe
  •  гулугоҳи Ҳурмуз
    гулугоҳи Ҳурмуз

Порс тудей - Ниҳоди мудирияти оброҳи халиҷи Форс дастуруламалҳои лозим барои киштиҳои гузариро бо таваҷҷуҳ ба тафоҳумномаи Исломобод мунташир кард.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Форс , ниҳоди мудирияти оброҳи халиҷи Форс дар шабакаи иҷтимои Х эълом кард : Бо иноят ба имзои тафоҳумномаи Исломобод ва иблоғи дастури мақомоти дахлдор , ба иттилоъи мутақозиёни гузар аз танга(гулугоҳ)и Ҳурмуз мерасонад дар бозаи замонии эъломшуда , убури киштиҳое, ки дархости убури худро бо риояти нукоти лозимӣ ирсол намоянд , анҷом хоҳад шуд . Матни иттилоъия ба шарҳи зер аст :
Бо иноят ба имзои тафоҳумномаи Исломобод ва иблоғи дастури мақомоти дахлдор , ба иттилоъи мутақозиёни гузар аз танга(гулугоҳ)и Ҳурмуз мерасонад дар бозаи замонии эъломшуда , убури киштиҳое, ки дархости убури худро бо риояти нукоти лозимӣ ирсол намоянд, ба суръат анҷом хоҳад шуд .
Адреси расмии ироаи дархости убур ба ниҳоди мудирияти оброҳи халиҷи Форс : PGSA . ir
Почтаи электронии ҷиҳати пайгирии дархост : Info@PGSA . ir
Нукоти муҳим :
1 . Танҳо масири расмӣ барои расидагӣ ба дархостҳои убӯр , вебсайт ва почтаи зикршуда аст.
2 . Масирҳои муътабар ва дар дастраси тамос бо киштӣ бояд дар дархости ирсолӣ ироа шавад.
3 . Ба манзури ҷилавгирӣ аз маъаттал шудан дар вурӯдӣ ё хурӯҷии тангаи Ҳурмуз , зарурӣ аст камаш 48 соъат қабл аз расидан ба маҳдудаи танга , дархости убур бо дарҷи комили иттилооти мавриди ниёз ирсол шавад .
4 . Дар тӯли давраи 60 рӯза ҳеҷ маблағе аз киштии гирифта нашуда ва тарофаи хадамоти амният , эминӣ ва муҳит зист ва ҳамчунин бима(суғурта)и эронии марбута бар уҳдаи давлати Ҷумҳурии исломӣ Эрон хоҳад буд .
5 . Бо тавваҷуҳ ба шароити хосу вуҷуди бархе хатарҳо дар масири убӯр ва ба далели зарурати  итминон ёфтан аз тараддуди эмин ва амну ҷилавгирӣ аз ҳаводиси дарёӣ , ҳамоҳангии масиру замони эъломии убӯр барои ҳар киштӣ пеш аз ҳаракат ба сӯи танга зарурӣ аст ; масъӯлияти риоят накардани ин мавридҳо бар уҳдаи соҳиби киштӣ аст.