Январ 25, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ба изҳороти вазири арабистонӣ

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаоҳои ахири вазири умури хориҷаи Арабистонро дар бораи нақши Эрон дар Яман, нишонаи шикасти барномаҳои Оли Сауд барои Яман донист.

Ба иттилои Ирно, Баҳроми Қосимӣ бо ёдоварии наздик ба ду соли таҳоҷуми беҳосил ва ҷиноятҳои ҷангии Саудӣ алайҳи мардуми бедифои Яман, иддаои вазири умури хориҷаи Арабистонро нишонаи нокомии режими Оли Сауд дар баробари иродаи мустаҳкам ва хастагинопазири мардуми Яман донист .

Одил Алҷабир, вазири умури хориҷаи Арабистон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Жан Марк Айро, ҳамтои фаронсавии худ дар Риёз муддаӣ шуд, Арабистон барои кӯтоҳ кардани дасти кудатогарони тарафдори Эрон дар Яман мудохилаи низомӣ кардааст .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзудааст, фарофиканиҳои доимии Алҷабир наметавонад ин воқеиятро тағйир диҳад, ки ифротигарӣ ва тафаккури инҳирофӣ дар сояи ҳукумати хонадони Саудӣ дар Арабистон тавлид ва мунташир мешавад ва самараи он терроризми такфирӣ дар ғарби Осиё ва шимоли Африқо ва куштори инсонҳои бегуноҳ, ғорати амволи онон ва вайронии сарзаминҳояшон аст .

Қосимӣ ҳамчунин бар пайбандии ҳамешагии Эрон ба ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақа таъкид кард .

Дар ҳамалоти Арабистон ба кишвари фақири Яман, ки аз марти 2015 бо ҳимояту пуштибонии Амрико, Англия ва Фаронса бо баҳонаи бозгардондани Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳурии истеъфокарда ва фирории ин кишвар ба қудрат оғоз оғоз шуда, беш аз 11 ҳазор ғайринизомии яманӣ, ки бештари онон занону кӯдакон ҳастанд, кушта ва ҳазорон нафар овора шудаанд .

 

Барчасп