Амалиёти қотии мушакӣ ва паҳподии Сипоҳи посдорон дар посух ба таҷовузҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125010-Амалиёти_қотии_мушакӣ_ва_паҳподии_Сипоҳи_посдорон_дар_посух_ба_таҷовузҳои_Амрико
Порс Тудей - Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе бар бархӯрди шадидтар бо киштиҳои мутахаллиф дар тангаи Ҳурмуз таъкид кард.
(last modified 2026-06-28T10:44:38+00:00 )
Июн 28, 2026 15:21 Asia/Dushanbe
  • Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
    Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ

Порс Тудей - Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе бар бархӯрди шадидтар бо киштиҳои мутахаллиф дар тангаи Ҳурмуз таъкид кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, матни комили иттилоияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бадин шарҳ аст:

Бисмиллоҳи қосимил-ҷабборин

Фақотилу аимматал-куфри иннаҳум ло аймона лаҳум лааллаҳум янтаҳун

Мардуми азиз ва шарофатманди Эрони исломӣ;

Фарзандони ғайратманди шумо дар неруҳои дарёӣ ва ҳавофазои Сипоҳ тайи амалиёти муштараки мушакӣ ва паҳподӣ дар соати 2 то 3 бомдоди имрӯз якшанбе, 28-уми июн, бо партоби мушакҳои баллистик ва паҳпод ба сӯи ҳашт зерсохти муҳими артиши кӯдаккуши Амрико дар пойгоҳи Али ал-Солими Кувайт ва новгони панҷуми дарёӣ дар бандари Салмони Баҳрайн онҳоро мунҳадим карданд ва таҷовузҳои ахири Амрикоро бо қотиият посух доданд.

Душмани мутаҷовиз, ки нақзи аҳд ва паймоншиканӣ дар зоти ӯст, ба баҳонаи муқобилаи Неруи дарёии Сипоҳ бо киштии мутахаллиф, авоили бомдоди имрӯз, ба панҷ пости соҳилии Ҷумҳурии Исломӣ ҳамла карда буд.

Бар асоси тафоҳумномаи Исломобод тартиботи контроли убуру мурур дар тангаи Ҳурмуз бо Ҷумҳурии Исломӣ аст ва минбаъд бо киштиҳои мутахаллиф қавитар аз гузашта бархӯрд хоҳад шуд ва бархӯрд бо таҷовузи эҳтимолии душман ба ҳар баҳонае, ки бошад, ҳатто монанди дишаб ва имшаб таҷовузҳо ба аҳдофи камаҳамият бошад, посухи хурдкунанда хоҳад дошт.

Душман бидонад нақзи оташбас хилофи банди якуми тафоҳумномаи Исломобод аст ва таваққуфи куллии равандҳоро дар пай хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳии Неруи дарёии Сипоҳи посдорон низ дар сафҳаи маҷозии худ навишт: Шилликҳои кӯри Амрико ба Сирик муаммои ишрофи мо бар Тангаи Ҳурмузро ҳал намекунад, аммо шилликҳои мо ба мутахаллифон, роҳи равшани убурро ба боқии шиноварҳо ёдоварӣ мекунад.

Фармондеҳии Неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳушдор дод: Ҳисоби пойгоҳҳои амрикоии минтақа ҷудост ва ҷаҳаннамро дар ин рӯзҳо таҷруба хоҳанд кард.