Ғарибободӣ: Минрӯбии Тангаи Ҳурмуз фақат тавассути Эрон анҷом мешавад
-
Козим Ғарибободӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали Вазорати умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей — Муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали Вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёме таъкид кард, ки минрӯбии Тангаи Ҳурмуз фақат тавассути Эрон анҷом мешавад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо; Козим Ғарибободӣ дар паёме дар ҳисоби корбарии худ дар фазои маҷозӣ, навишт: «Макрон (раисиҷумҳури Фаронса) гуфта дар минрӯбӣ аз Тангаи Ҳурмуз, бо ҳамоҳангии шариконаш ҳамкорӣ мекунад».
Муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: «Тибқи ёддошти тафоҳуми Исломобод, минрӯбӣ сирфан тавассути Эрон анҷом мешавад ва на ҳеҷ кишвари дигаре; усулан иҷозаи чунин кореро ҳам намедиҳем».
Вай тасреҳ кард: «Шароит ҳассос ва печида аст. Тавсияи акид мекунем Фаронса онро бо таҳрикоташ печидатар накунад».